Глобулаҳо
Глобулаҳо — абрҳои зичи ношаффофи газу чангӣ дар муҳити байниситораӣ, ки дар фазои равшан чун доғи тира намудоранд.
Глобулаҳо калон ва хурд мешаванд. Глобулаҳои калон шакли доираҳои тираро дошта, андозаи қутрашон аз 1 пк кам мебошад. Глобулаҳои хурд ба мисли холчаҳои тира дар туманоти газии равшан ба назар расида, массаашон аз 0,1 Мʘ кам аст. Зичии газу чанги глобулаҳо нисбат ба муҳити байниситоравӣ ҳазорҳо баробар зиёд буда, массаи умумии онҳо аз 20 то 300 Мٜʘ -ро ташкил медиҳад. Нури ситораҳо аз онҳо намегузарад ва дар осмони ситоразор ҳамчун «сӯрохҳо» дида мешаванд. Тақр. 200 глобулаҳои калон мушоҳида шудаанд, ки аз Офтоб дар масофаҳои то 500 пк ҷой гирифтаанд. Тахмин меравад, ки миқдори онҳо дар Галактика даҳҳо ҳазор аст. Ҳарорати глобулаҳо наздики 10 К буда, дар чунин шароит атомҳои ҳидрогени байниситоравӣ ба молекулаҳо табдил меёбанд. Аз ин сабаб массаи асосии глобулаҳоро молекулаи ҳидрогени сард ташкил медиҳад. Дар таркиби глобулаҳо инчунин ҳелий, оксиди карбон ва миқдори ками силитсий мавҷуд аст. Глобулаҳои хурд аз махлутҳои газучангии байниситоравӣ иборатанд, ки бо гузашти вақт аз таъсири муҳити беруна (ҳарорат, фишор, афканишот) пароканда мегарданд. Глобулаҳои калон аз таъсири майдони ҷозибаи худ фишор меёбанд ва эҳтимол марҳалаи охири таҳаввули онҳо тавлидшавии гурӯҳи ситораҳо бошад.
Сарчашма
вироиш- Глобулаҳо / А. Раҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.