Гови алатовӣ — зоти ширу гӯштдеҳ. Дар Қирғизистон ва Қазоқистон бо роҳи ҷуфтӣ кардани говҳои маҳаллӣ бо буққаҳои говҳои швитсӣ, костромавӣ ва лебеденӣ ба вуҷуд овардаанд. Ҳамчун зот соли 1951 тасдиқ шудааст. Гови алатовӣ ба шароити иқлими кӯҳсор мутобиқ мебошад. Шири он нисбат ба шири зоти гови швитсӣ серравғантар аст. Аз нигоҳи тану тӯш гови алатовӣ ба зоти гови швитсӣ шабоҳат дорад. Бештар бӯрранг аст. Устухонбандӣ ва мушакҳояш пурқувват, синааш фарох, тахтапушташ паҳн, пойҳояш боқувват ва танаш нисбатан кӯтоҳ аст. Вазни зиндаи модаговаш то 500—540, буққааш 850—1000 кг мебошад. Аз ҳар сар модагови он соле 4182 кг шир (равғаннокиаш 3,9 %) медӯшанд. Модаговҳои беҳтарин дар 305 рӯзи давраи ширдӯшӣ то 6500-8000 кг шир медиҳанд. Гови алатовӣ асосан дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва қисман дар Ҷумҳурии Қазоқистон парвариш меёбад.

Гови алатовӣ

Адабиёт

вироиш
  • Всяких А. С., Пак Д. Н. Алатауская порода крупного рогатого скота. М., 1954;
  • Доброхотов А. Б. Частная зоотехния. Л., 1959;
  • Дмитриев Н. Г. Породы скота по странам мира. Л., 1978;
  • Арзуманян Е. А. Скотоводство. М., 1980.
  • Арзуманян Е. А. Животноводство. М., 2007.

Сарчашма

вироиш