Гови бӯри латишӣ — зоти ширу гӯштдеҳ.

Гови бӯри латишӣ
Нигора
Кишвар
 Парвандаҳо дар Викианбор

Охири асри 19 — аввали асри 20 дар Латвия дар натиҷаи ҷуфтӣ кардани говҳои маҳаллии латишӣ бо буққаҳои зотҳои ангеленӣ ва сурхи даниягӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Вазни зиндаи буққааш — 800—880, модаговаш — 450—520 кг; вазни гӯсолаҳои навзодаш 29-35, дар 6-моҳагӣ 160—180 кг мешавад. Рангаш сурх, сару гардан, гӯш, дум ва пойҳояш сиёҳ. Аз ҳар сар модаговаш дар давраи ширдиҳии якум 3479 (равғаннокиаш 4,4 %), дуввум — 4242 (равғаннокиаш 4,4 %) ва севвум — зиёда аз 4626 (равғаннокиаш 4,5 %) кг шир медӯшанд. Аз баъзе модаговҳо то 10600 кг шир дӯшидаанд. Г. б. л. ба ҳар гуна шароит тоб меорад. Дар Латвия, Русия, Белоруссия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ парвариш меёбад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Карелин В. Н. Бурый латвийский скот. Рига, 1949;
  • Доброхотов А. Б. Частная зоотехния. Л., 1959;
  • Дмитриев Н. Г. Породы скота по странам мира. Л., 1978;
  • Арзуманян Е. А. Скотоводство. М., 1980.
  • Арзуманян Е. А. Животноводство. М., 2007. Т. Рӯзиев, Ф. Икромов.

Сарчашма вироиш