Гови сарсафеди қазоқӣ
Гови сарсафеди қазоқӣ — зоти сергӯшт. Бо роҳи ҷуфтӣ шудани говҳои маҳаллии қазоқӣ бо говҳои қалмоқӣ ва герефордӣ ба вуҷуд омадааст. Дар Тоҷикистон аз соли 1959 мепарваранд. Сараввал онро барои гирифтани модаговҳои навъи гӯштдеҳ парвариш мекарданд. Вале ин зоти гов барои рӯёндани зотҳои гӯшту ширдеҳ чандон натиҷаи дилхоҳ надод. Гови сарсафеди қазоқӣ зоти бузургҷусса буда, мушакҳояш нағз инкишоф ёфтаанд; пойҳояш нисбатан кӯтоҳи боқувват мебошанд. Зимистон бадани онро пашми дарози зич мепӯшад. Гови сарсафеди қазоқӣ ба иқлими хушк ва шароити чарогоҳу даштҳо хуб мутобиқ шудааст. Зуд фарбеҳ мегардад. Вазни гӯсолаҳои навзоди он 27-30, буққаҳояш 850—950 ва модаговҳояш 550 кг. Дар Заводи зотпарварии ба номи С. Сафарови ноҳияи Балҷувон вазни модаговҳо 480—500 ва буққаҳои наслафзо 650—700 кг мебошад. Соли 2013 дар хоҷагиҳои Тоҷикистон 470 сар гови сарсафеди қазоқӣ мавҷуд буд.
Кишвар |
---|
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Доброхотов А. Б. Частная зоотехния. Л., 1959;
- Дмитриев Н. Г. Породы скота по странам мира. Л., 1978;
- Арзуманян Е. А. Скотоводство. М., 1980.
- Арзуманян Е. А. Животноводство. М., 2007.
Сарчашма
вироиш- Гови сарсафеди қазоқӣ / А. Норов, Ф. Икромов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.