Гови сиёҳалои тоҷикӣ
Гови сиёҳалои тоҷикӣ — навъ (тип)-и нави гови сиёҳало.
Олимони ҷумҳурӣ гови сиёҳалои тоҷикиро дар заводҳои зотпарварии Ҷамъияти саҳомии (ҶС) ба номи А. Самадови ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ба номи Ҷ. Расулови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо роҳи дурагакунии зоти говҳои сиёҳало бо буққаҳои ҳолландӣ ва голштинӣ ба вуҷуд овардаанд. Модаговҳои гови сиёҳалои тоҷикӣ калонҷусса буда, тахтапушти фарох ва пойҳои устувор доранд. Баландиашон то сари кӯҳон 130,0 см, даври миёнашон 195,0 см, даври пояш 19,2 см. Пистонашон косашакл. Вазни гӯсолаҳо дар 18-моҳагӣ аз 396 то 410 кг мешавад. Дар заводҳои зотпарварӣ вазни зиндаи модаговҳо баъди насловарии якум ба 476—491 кг ва баъди насловарии севвум ба 560—575 кг мерасад. Гови сиёҳалои тоҷикӣ сермаҳсул буда, соле то 5000-7000 кг шир (равғаннокиаш 3,8-3,9 %) медиҳад. Онро асосан дар заводи зотпарварии ҶС ба номи Ҷ. Расулов, хоҷагиҳои зотпарварии ба номи А. Ҷумъаев ва ба номи П. Бобокалонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба номи Э. Бойматова ва «Ирам»-и ноҳияи Конибодом, «Гулистон»-и ноҳияи Спитамен, «Баракат»-и ноҳияи Ёвон, ба номи Л. Муродови ноҳияи Ҳисор, «Дошмандӣ»-и ноҳияи Файзобод мепарваранд. Соли 2013 дар Тоҷикистон 136000 сар гови сиёҳалои тоҷикӣ мавҷуд буд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Доброхотов А. Б. Частная зоотехния. Л., 1959;
- Дмитриев Н. Г. Породы скота по странам мира. Л., 1978;
- Арзуманян Е. А. Скотоводство. М., 1980;
- Аҳмадалиев Н. Сершир кардани модаговҳо дар иқлими гарм. Д., 1988;
- Ҳамон. Типи тоҷикии говҳои зоти сиёҳало. Д., 2009.
Сарчашма
вироиш- Гови сиёҳалои тоҷикӣ / Н. Аҳмадалиев, Т. Рӯзиев, Т. Иргашев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.