Говқандак
Говқандак — навъи зардолуи маҳаллии ғӯлингбоб.
Дарахташ зудсабз, баргаш (ҳаҷмаш 85-52 мм) дукшакл, дандонадори нӯгтез, гулаш сафеди сурхча. Миёнаҳои март гул карда, мевааш моҳҳои июн — июл мепазад. Самараш лунда ё саҳл паҳнак (вазнаш 35-40 г), зарди баланд, норанҷӣ (тобиши сурхи гулобӣ дорад); пӯсташ сахти тӯрдор; мағзаш хамираки сероб, хушбӯй. Донакаш миёнаҳаҷм, мағзаш ширин. Баъди пурра пухта расидан 25,4 % моддаҳои хушк, 17,1 % қанд ва 0,8-1,1 г/л туршӣ дорад. Ниҳолаш пас аз 3-4 соли шинонидан самар меорад. Аз дарахти 40-50-солааш зиёда аз 170 сентнер ҳосил меғундоранд. Ҳосилашро тар мехӯранд, ғӯлинг мехушконанд, консерва, зардолуоб, мураббо тайёр мекунанд. Ниҳоли Г. дар заминҳои санглох, нишебиҳо, шӯрхоку заҳзамин хуб месабзад. Г. дар боғҳои куҳанбунёди деҳаҳои Ёва, Унҷӣ ва Қатмаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Понғоз, Шайдон ва Ошобаи ноҳияи Ашт, инчунин Мастчоҳ, Айнӣ ва Конибодом дучор меояд. Сокинони ин мавзеъҳо дар иди Наврӯз аз Г. ғӯлингоб тайёр карда, зимистон онро ба шавла андохта истеъмол менамоянд. Дарахташ аз пармачӣ осеб мебинад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Розанов Б. С., Данилов В. Л., Скороход С. Т. Плодоводство Таджикистана. Д., 1970.
- Костина К. Ф. Абрикос. ВАСХНИЛ, 1986.
Сарчашма
вироиш- Говқандак / Ф. Ӯрунов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.