Го́гланд (швед. Hogland, Сур-Сари) ҷазира дар халиҷи Фини баҳри Балтика.

Гогланд
русӣ: Гогланд
Нигора
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Kingiseppsky District[d] ва Viipuri Province[d]
Минтақаи замонӣ UTC+4
Ҷойгир аст дар назди обанбори Gulf of Finland[d]
Шумораи аҳолӣ
  • 50 тан
Баландӣ аз сатҳи баҳр 176 м
Дарозӣ
  • 10,9 км
Бар 3 км
Масоҳат
  • 21 км²
Тасвири нақшаи мавқеият
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дар масофаи 180 км дуртар аз қисми ғарбии шаҳри Санкт-Петербург, 120 км аз қисми ҷанубу ғарбии ш. Виборг, 22 км дуртар аз соҳили Эстония ва 40 км дуртар аз ш. Коткаи Финландия ҷойгир аст. Масоҳаташ тақр. 21 км2 ва баландиаш то 176 м. Аз ҷиҳати маъмурӣ ҳамчун деҳаи Сур-Сари ба ҳайати ноҳияи Кингисепи вилояти Ленинград шомил аст. Гогланд аз шимол ба ҷануб ба масофаи тақр. 11 км тӯл кашидаааст. Аз ҷинсҳои кристаллӣ ва хоросангҳо таркиб ёфтааст. Дар Гогланд дарахтони сӯзанбарг мерӯянд. Соҳили ҷазира ду халиҷи хурд дорад, ки ҳамчун истгоҳи киштиҳо аҳаммияти хос доранд. Халиҷи якум (Сууркюлян-Лахти) дар қисми шимолу шарқии ҷазира ва халиҷи дуввум (Лимонникова) дар қисми ғарбии ҷазира ҷойгир шуда, умқаш ба 16-17 м мерасад. Дар қисмати наздибаҳрии Гогланд намунаҳои фарҳанги асри санг бозёфт шудаанд. Гогланд соли 1743 тибқи муоҳидаи сулҳи Абоск ба ҳайати Русия шомил гардид. Соли 1788 дар қисми ғарбии ҷазира байни Стеншер ва Колбодегрунд муборизаи шадиди гогландӣ байни флотҳои баҳрии рус ва шведҳо ба амал омад. Соли 1826 аз тарафи Василий Струвен дар ҷазира маркази астрономию геодезӣ таъсис дода шуд. Дар Гогланд 6 феврали 1900 таҳти роҳбарии А. С. Попов аввалин алоқаи радиоӣ ба вуҷуд омад. Гогланд соли 1920 тибқи созишномаи сулҳи Тарту ба ҳайати Финландия ва соли 1940 дар асоси шартномаи сулҳи Маскав ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шуд. То соли 1940 қисми зиёди аҳолии Гогландро финҳо ташкил медоданд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш