Голвонуметр (аз номи хонаводагии Луиҷи Голвонӣ ва вожаи юн.-қад. μετρέω — «чен мекунам»), галвано́метр — асбоби дақиқ (баландҳассос) барои чен кардани қувва, шиддат ва миқдори хеле хурди ҷараёни электрӣ.

Нақшаи кори голвонуметр

Голвонуметрро, маъмулан, чун нишондиҳанда (сифр-индикатор) барои муайян кардани мавҷудияти ҷараён ё шиддат дар занҷири электрӣ истифода мебаранд. Вобаста ба навъи ҷараёни электрӣ голвонуметрҳои ҷараёни доимӣ ва голвонуметрҳои ҷараёни тағйирёбанда мавҷуданд. Бештар голвонуметрҳои ҷараёни доимии системаи магнитию электрӣ маъмуланд, ки ба таъсири майдони магнитии магнити доимӣ ба ноқили ҷараёндор асос ёфтаанд. Асбобро тавре месозанд, ки ба ҷойи ақрабак оинача насб шудааст. Нури рӯшноӣ аз оинача инъикос ёфта, ба сӯйи ҷадвал (шкала) равона мешавад.

Голвонуметрҳо қувваи ҷараёни то 5•10-11 А ва шиддати то 5•10-8 В-ро чен карда метавонанд. Барои чен кардани қувва ё шиддати ҷараёни тағйирёбанда (то 5 кҲс) голвонуметрҳои ларзишии ҷараёни тағйирёбандаро ба кор мебаранд.

Сарчашма

вироиш