Голиун (исп. galeón, фр. galion), галеон — киштии бисёрсаҳни бодбондори калон.

Голиуни ҳоландӣ дар оғози қарни XVII

Ба пайдоиши голиунҳо боркашонии байни қитъаи Аврупо ва мустамликаҳои амрикоӣ мусоидат намудааст. Дар асрҳои 16-18 дар Аврупо ҳамчун киштии ҳарбӣ ва тиҷоратӣ истифода мешуд. Зарфияти голиун то 1000 тона ва беш аз он, дарозиаш 50 м, бараш 12 м буд. Дар саҳни он 50-80 тӯпро ҷойгир мекарданд. Ҳайати он аз 600 аскару маллоҳ иборат буд. Голиунҳо то садаи XVIII истифода мешуданд.

Сарчашма

вироиш