Голф (англ. golf) — бозии варзишиест, ки дар ҳавои кушод доир мегардад. Бозигарон ба таври фардӣ ё дастаӣ кӯшиш мекунанд, ки ба василаи чавгон тӯби чиндори каучукӣ (гӯй)-и қутраш 14 см, вазнаш 42,5-46 г-ро дар майдони махсуси масоҳаташ 50-200 ҳазор м2 даруни сӯрохҳо андозанд.

Голф
Тавсифот
Аввалин мусобиқот
Федератсияи байналмилалӣ
Ном International Golf Federation[d]
Лоиҳаҳои марбут
 Парвандаҳо дар Викианбор

Майдони голф

вироиш

Майдон ё замини голф метавонад дар саҳро, боғҳои истироҳат ҷойгир шавад. Дар бозӣ 9-18 сӯрох ба кор меояд, ки қутри ҳар кадоми онҳо 10,8 см ва умқашон 10 см буда, бо парчамҳои хурд аломатгузорӣ мешаванд. Бозӣ аз баландии махсус (2,5 см) шурӯъ мегардад. Бо зарбаи нахустин тӯб вориди майдон карда мешавад. Пас аз ин ба тӯб даст расондан манъ аст. Вобаста ба шумораи бозигарон ва комбинатсияи ҳарифон 6 намуди голф вуҷуд дорад. Бозӣ аз рӯи сӯрохиҳо (бо дарназардошти шумори сӯрохиҳои фатҳшуда) ва аз рӯи шумораи зарбаҳо натиҷагирӣ мешавад. Бозигарон аз 14 чавгони гуногун истифода мебаранд. Дар бозии голф ба кафши махсуси мехдоре ниёз аст, то ки пойи бозигар ҳини зарба задан начархад. Либоси голф барои роҳат ҳаракат кардани бадан аз матоъи ҷинси махсус дӯхта мешавад. Борҷомаи голф-бозӣ низ махсус аст — он дар зери худ чархҳо дорад ва ба бозигар имкон медиҳад, ки 14 чӯби (чавгон)-и худро дар он ҷой карда, ба роҳат дар саросари майдон ҳамроҳи худ бибарад. Ҳар кадом аз ин чӯб (чавгон)-ҳо барои задани зарбаҳои гуногун ба кор мераванд. Ҳар бозии голф аз 4 то 5 соат тӯл мекашад ва қонунҳои хосси худро дорад.

Таърих

вироиш

Нахустин ёддошти хаттӣ дар бораи голф соли 1457 дар қонуни парламенти Шотландия омадааст. Соли 1744 дар ин кишвар нахустин дастаи голф таъсис дода шуд. Нахустин мусобиқаи озоди голф соли 1860 баргузор гардид. Голф дар барномаи Бозиҳои олимпии солҳои 1900 ва 1904 дохил карда шудааст. Аз соли 1927 байни голфбозони ҳирфавии ИМА ва Аврупо мусобиқаҳои Ҷоми Райдер ва аз соли 1953 Ҷоми ҷаҳонӣ баргузор мегардад. Федератсияи байналмилалии голф соли 1958 таъсис ёфт, ки 101 федератсияи миллиро (то 2007) дар бар мегирад. Ин бозӣ дар ИМА, Британия, Австралия, Ҷопон, Канада, Ҳиндустон маъмул аст. Дар ҷаҳон 500 ҳазор нафар ба ин бозӣ машғуланд. Мусобиқаҳои Хӯди бузург — Мастерс, Чемпионати озоди ИМА, (US Open), Чемпионати озоди Британия (The Open Chapmionship) ва чемпионати Ассотсиатсияи ҳирфаии Голф (PGA Chapmionship) аз ҷумлаи бузургтарин мусобиқаҳои ҳирфаӣ байни мардон мебошанд.

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш