Голфстрим
Голфстрим (англ. gulf stream — ҷараёни халиҷ) — ҷараёни гарми қисми шимолии уқёнуси Атлантик, яке аз ҷараёнҳои гарми пурзӯри уқёнуси Олам.
Аксаран Г. аз соҳилҳои уқёнуси Атлантик (нимҷазираи Флорида) то нимҷазираи Скандинавия, ҷазираҳои Шписберген, баҳри Баренс, Замини Нав ва уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ба масофаи 10 ҳазор км тӯл кашида, ҷараёни пуриқтидори паҳнояш 70-90 км аст ва амалан то қаъри уқёнус давом мекунад. Суръати калонтарини Г. дар қабати болоии уқёнус якчанд м/с буда, баробари зиёдшавии чуқурии баҳр зуд паст мешавад. Масрафи пурраи об дар ҷараён тартиби 0,1 км3⁄с-ро ташкил медиҳад. Масрафи оби Г. қариб 50 млн м3⁄с мебошад, ин аз масрафи оби тамоми дарёҳои олам 20 маротиба зиёд аст. Иқтидори гармоии Г. тақр. 1,4•1015 ватт аст. Г. захираи калони гармӣ ва намак дошта, мушаххасоти он дар давоми сол тағйир меёбад. Ҳарорати миёнаи солонаи сатҳаш — 25оС, шӯриаш 36,2-36,4 %֯º,, дар умқи 400 м ҳарорат 10-12оС. Шӯрии аз ҳама зиёд (36,5 %º) дар умқи 200 м мушоҳида шудааст. Дар канори ҷанубии тунукобаи Нюфаундленд аз шимол ба сӯи Г. ҷараёни сарди Лабрадор равон шуда, дар натиҷаи омезиши обҳои гарму хунук оби боло ба поён гардиш мекунад. Тахминан дар 40о т. ғ. Г. тадриҷан ба ҷараёни шимолии Атлантик мегузарад. Системаи ҷараёнҳои гарми Г. ба хусусиятҳои ҳидрологию биологии баҳрҳо ва умуман худи уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ва нармшавии иқлими мамлакатҳои Аврупо, ки дар соҳилҳои уқёнуси Атлантик ҷой гирифтаанд, таъсири калон мерасонад. Дар миқёси сайёра Г. чун ҷараёнҳои дигари Замин дар натиҷаи чархиши он гирди меҳвар ва пароканиши ҷараёнҳои пассатҳои тропикӣ ба вуҷуд меояд. Дар ҳар минтақа самт ва мушаххасоти Г. ба соҳили қитъаҳо, реҷаи ҳароратӣ, тақсимоти шӯрӣ ва дигар омилҳо вобаста мебошад. Олимон пешгӯӣ мекунанд, ки реҷаи Г. дар натиҷаи тағйирёбии иқлим дигар шуда, минбаъд иқлими Аврупо торафт сард мегардад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Голфстрим / М. Азимова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.