Гомеда, Кумит — номи яке аз ҳафт кишвар (двипа), ки дар осори ориёҳиндӣ зикр шудааст.

Мувофиқи навиштаи Девабодҳӣ (асри V то м.) зимни шарҳи «Пурон»-ҳо ва «Сабҳапарва» дар атрофи кӯҳи Меру (қ.-и Исмоили Сомонӣ) воқеъ будааст. Дар луғату фарҳангҳои тафсирии санскрит Г. ба маъноҳои номи кӯҳ, санги қиматбаҳо, ченаки андоза ва ғ. омадааст. Тибқи маълумоти академики В. Бартолд, яке аз шохобҳо ва кӯҳи сарчашмаи рӯди Қаратоғ Кум ном дошта, эҳтимол шакли ихтисоршудаи Г. (Кумито) бошад. Тавре дар шарҳи «Ҳудуду-л-олам» омадааст, кӯҳ ва дараи Комедо дар силсилаи кӯҳҳои Ҳисор ҷой доштаанд. Берунӣ дар боби 24-и «Мо- лил Ҳинд» роҷеъ ба осори ориёҳиндуҳо тибқи навиштаи «Пурон»-ҳо оид ба ҳафт кишвар (двипа) маълумот дода, аз ҷумла, дар бораи Г. чунин навиштааст: «Баъд аз он ҷазираи шашум Гомеда-двипа воқеъ гаштааст, ки тибқи навиштаи „Матся-пурана“ онро ду кӯҳи бузург печондаанд. Яке аз онҳо Сумана ном дошта, рангаш мисли қир сиёҳ аст ва қисмати зиёди кишвар (ҷазира)-ро дар бар мегирад. Кӯҳи дигар Кумуда (ном дошта), баланд ва рангаш зарин аст. Дар ин кӯҳ (гиёҳҳои) шифобахш мерӯянд. Дар ин ҷазира ду шоҳигарӣ вуҷуд дорад. Тибқи навиштаи „Вишну пурана“, сокинони кишвар хайрхоҳу хушахлоқ буда, гуноҳ содир намекунанд ва ба Вишну ибодат менамоянд. Иқлими ҷазира он қадар хушбоду ҳаво ва гуворост, ки бошандагони биҳишт ҳар сари чанд вақт барои тафреҳ ба ин ҷо меоянд». Сарчашмаҳои чинӣ ва форсиву арабии асрҳои 6-10 низ дар қисмати шарқии водии Ҳисор мавҷуд будани кишвареро бо номи Кумит (Кумод, Кумиҷ, Кумед) зикр намудаанд. Бори аввал номи ин мулкро сайёҳи чинӣ Сюан-Тсзан, зимни сафараш ба Осиёи Миёна (630), Кумито ёд кардааст. Ӯ Кумиторо дар қатори 27 мулк — Хуталон, Шумон, Чағониён ва ғ. номбар кардааст, ки аз ҳайати Тахористон ҷудо шуда будаанд. Тибқи маълумоти Сюан-Тсзан мулки Кумито аз шарқ ба ғарб 2 ҳазор ли (1 ли баробари 500 м) ва аз ҷануб ба шарқ 200 ли фосила дошта, марказаш 20 ли буд. Б. Ғафуров дар «Тоҷикон» роҷеъ ба мавқеи Кумед «дар саргаҳи дарёҳои Кофарниҳон ва Вахш» ишора намудааст. Ҳарчанд назари олимон роҷеъ ба мавқеи ҷуғрофиёии Г. яксон нест, аммо дар ҳудудҳои водии Норак, ҳавзаи дарёи Кофарниҳону Ҳисор ҷой доштани он мувофиқат менамоянд. Тавре Берунӣ зикр мекунад, яке аз кӯҳҳои сарзамини Г. Сумана ном дошта, мисли қир сиёҳ будааст. Ин кӯҳ ба кӯҳҳои самти шимолу ғарбии водии Ҳисор айният дорад, ки рангаш сиёҳ буда, номи он ба лафзи туркӣ ҳоло низ Қаратоғ (Сиёҳкӯҳ) мебошад. Маълум мегардад, ки Сумана номи кӯҳ буда, номи водии Шумон шояд аз ҳамин ҷо баромада бошад.

Сарчашма

вироиш