Гондвана
Гондвана (аз номи вилояти таърихии Осиёи Марказӣ) — қитъаи бузурги фарзиявӣ, ки ба ақидаи бисёр олимон дар охири эраи палеозой ва ибтидои мезозой дар Нимкураи ҷанубии Замин вуҷуд доштааст. Г. қариб тамоми Африқои имрӯза (ба ғайр аз кӯҳҳои Атлас), нимҷазираҳои Арабистону Ҳиндустон (ҷанубтари Ҳимолой), қисми ғарбии Австралия, қисматҳои марказӣ ва шарқии Амрикои Ҷанубӣ, қисми зиёди Антарктидаро дар бар мегирифт. Ба ақидаи ҷонибдорони фарзияи мавҷудияти Г. дар давраҳои пратерезой ва карбони боло дар ҳудуди Г. яхбандии васеъ ҳукмрон будааст. Пайҳои яхбандии карбони боло дар Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ, ҷануби Африқои Ҷанубӣ, Ҳиндустон ва Австралия маълуманд. Тақрибан 150 млн сол қабл қитъаи Г. ба ду қисмат ҷудо гардидааст, ки дар яке аз онҳо Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ, дар дигараш Австралия, Антарктида ва нимҷазираи Ҳиндустон ҷойгир буданд. Бори охирин тамоми қитъаҳои Г. 70-80 млн сол қабл аз ҳам ҷудо шудаанд. Ҳаракати қитъаҳои аз ҳамдигар ҷудошудаи Г. ва ба ҳам бархӯрдани онҳо бо қисми Лавразия боиси кӯҳпайдошавӣ гардид. Дар натиҷаи фишороварии қитъаи Африқо ба Аврупо кӯҳҳои Алп ва бархӯрдани қитъаи Ҳиндустон ба Осиё кӯҳҳои Ҳимолойро ба вуҷуд овард. Дар ибтидои мезозой як қисми Г. фурӯ рафта, уқёнуси Ҳинд пайдо шудааст, қисми дигараш ҳамчун платформаҳои Бразилия, Африқо, Ҳинд ва Австралия боқӣ мондааст. Дар давраҳои карбон ва перм дар қитъаи Г. набототи хосси минтақаи муътадил ва сард — рустаниҳои чилбуғумшакл, лучтухмҳои сода, папоротникҳо (фарн) мерӯидаанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гондвана // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.