Гондола

саҳифаи маъноҳои Викимедиа

Гондола (итол. gondola), 1) заврақи венетсиании дарози якбела, ки барои мусофирон ҳуҷра ва саҳни нишаст дорад. Дар Венетсия (Итолиё) хеле маъмул аст ва асосан барои сайру гашти сайёҳон истифода мегардад; 2) қисми шорошакли берунбаромадаи танаи киштӣ, тайёра ва чархбол барои ҷойгир кардани дастгоҳҳои ҳидролокатсионӣ, механизмҳои самтнишондиҳанда, муҳаррикҳои авиатсионӣ ва ғ.; 3) нимвагони фаршаш равзанадор барои холӣ кардани бор; 4) кабина барои мусофирон ва насб кардани таҷҳизот дар кураҳои ҳавоӣ, аэростатҳо, стратостатҳо ва ё дар танаи дирижабл насбгардида.

Сарчашма

вироиш