Гонидияҳо

саҳифаи маъноҳои Викимедиа

Гонидияҳо (аз юн. γόνος — тавлидкунанда ва юн. ίδιον — пасванди хурдӣ):

  • Обсабзҳои сабз ё сабзи кабудтоб, ки дар ҳамбастагӣ бо занбӯруғҳо гулсанг ҳосил мекунанд. Қаблан гонидияҳоро барғалат аъзои афзоиши гулсангҳо меҳисобиданд.
  • Ҳуҷайраҳои ҳаракатнок ё беҳаракати бактерияҳои риштамонанд, ки аз торҳояшон ҷудо шуда, барои афзоиш кумак мерасонанд.
  • Ҳуҷайраҳои беҳаракати курашакли баъзе обсабзҳои кабудтоб (мас., Chamaesiphonales), ки барои афзоиш пешбинӣ шудаанд, инчунин ҳуҷайраҳое, ки ҳангоми афзоиш дар танаи обсабзҳо ташаккул меёбанд.
  • Номи пештараи спораи обсабзу занбӯруғҳо, ки дар натиҷаи афзоиши ғайриҷинсӣ ба вуҷуд меоянд ва баҳри идомаи насл муҳимманд.

Сарчашма

вироиш