Зовиясанҷ, гонио́метр (юн.-қад. γωνία — кунҷ ва μετρέω — чен мекунам) — абзор барои чен кардани андозаҳои кунҷӣ. Зовиясанҷи амалии содатарин аз транспортири ба ҷадвал насбшуда иборат аст; 1) дар физика асбоб барои андозагирии рӯяҳои кристалл ва маншур (призма)-ҳо. То кашфи таҳлили рентгеносохторӣ усули асосии ташхиси кристаллҳо буд; 2) дар антропология асбоб барои чен кардани кунҷҳои баъзе узвҳо ва скелети одам (хамидагии сутунмуҳра, кунҷи гардиши буғумҳо, тарҳи рӯй, хамидагии бинӣ ва ғ. ).

Гониометри Каранжо охири садаи XVIII.

Сарчашма

вироиш