Гонит (аз юн. gony — зону) — илтиҳоби банди зону.

Гонит
Гонит
eMedicine / 

Ангезаҳои Г. ба ҷавфи банд аз ҷойҳои осебёфтаи он, ҳамчунин ба воситаи хуну лимфа роҳ меёбанд. Г. вобаста ба падидаҳои болинӣ (клиникӣ) шадид ва музмин, аз рӯи тарзи рашҳа (экссудат) бошад, зардобӣ, зардобию фасодӣ ва фасодӣ мешавад. Ҳангоми Г.-и шадид бандҳо калон ва дардманд шуда, пӯсти рӯи онҳо метафсад. Бемор пои дардмандашро рост нигоҳ дошта наметавонад; дар ҷавфи банд рашҳа гирд меояд. Ҳангоми Г.-и фасодӣ пӯсти рӯи банд варам карда, бинобар илтиҳоб сурх мешавад. Дар ин маврид аз ҳаракат додани узв дарди шадид ба вуҷуд меояд. Ҳарорати бадан баланд (то 39°С) шуда, бемор табларза мекунад, мумкин уфунат (сепсис) рух намояд. Дар аснои Г.-и музмин падидаҳои беморӣ (дарди банд, табу тасф, варам, ихтилоли фаъолияти узв) камтар ба мушоҳида мерасанд. Г.-ро дар беморхона муолиҷа мекунанд. Шарти асосии он гачбандӣ кардани узв аст. Пунксияи банди зону барои таҳқиқи ситологӣ ва бактериологии рашҳа муҳим мебошад. Ҳангоми Г.-и фасодӣ аз усули артротомия истифода карда, дар мавриди вайрон шудани устухони банд бошад, банди зонуро қатъ менамоянд. Барои муолиҷаи Г. антибиотикҳо, витаминҳо, физиотерапия низ нафъ доранд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш