Гонуртеппа
Гонуртеппа (аз туркмании гонур ‒ танур ва теппа), шаҳр ва ёдгории қадимии тамаддуни ориёӣ (охири ҳазораи III ва ҳазораи II то м.) дар ҳудуди Ҷумҳурии Туркманистон, пойтахти Марғуши Қадим.
Маҳалли аҳолинишин | |
туркманӣ: Goňur depe | |
Кишвар | [[|]] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Соли 1972 аз тарафи Экспедитсияи бостоншиносӣ бо роҳбарии В. И. Сарианиди дар регзори Қароқум кашф шуда, пажӯҳиши он то ҳоло давом дорад. Г. калонтарин ёдгорӣ дар резишгоҳи қадими рӯди Мурғоб (Марғоб) ба ҳисоб рафта, аз силсилаи мураккаби биноҳои маъбадӣ ва қасрҳо иборат аст, ки то имрӯз 300 деҳа дар он ҷо кашф шудаанд. Таҳқиқоти радиоуглеродӣ нишон медиҳанд, ки сохтмони аввалин биноҳои Г. ба солҳои 2300—2250 то м. рост меояд. Қисми марказии Г., ки онро дар миёнаи ҳазораи II то м. сокинонаш аз беобӣ тарк намуда буданд, 25 га-ро ташкил медиҳад. Дар маркази ш. Г. қасри боҳашмат ва дигар биноҳои пазироиву тантанавӣ ҷойгир буда, онҳоро деворҳои мустаҳками гунбазҳои шакли мураббаъдошта иҳота намудаанд. Биноҳои Г. аз хиштҳои росткунҷаи гилии ҳаҷмашон 43/45х20/25х10/15 см сохта шудаанд. Дар атрофи деворҳои қаср маъбади оташ, қурбонгоҳ ва ошхонаҳо мавҷуд буда, қисми берунии онҳоро деворҳои гунбаздор иҳота кардаанд. Баъди деворҳо ҳавзи калоне сохта шудааст, ки андозааш 180×80 м ва умқаш 2 м аст. Дар қисми шимолӣ ва ғарбии муҷтамеи Г. ҳавзҳои нисбатан хурд ҷой доранд. Сараввал ин муҷтамеъро девори дигар иҳота менамуд, ки мардуми одиро аз рӯҳониёну ҳокимон ва ҷойгоҳҳои муқаддас ҷудо мекард. Соли 2004 дар қисми шарқии ҳавзи калон гӯрҳои ашроф кашф шуданд. Дар яке аз онҳо ҳамроҳи ҷасад гардунаи чорчарха ва ҷасади хидматгор дафн гардида буд, ки аз эътиқоди онҳо ба ҳаёти пас аз марг гувоҳӣ медиҳад. Гӯрҳои ашроф шакли хонаи зеризаминиро доштанд, ки бостоншиносон аз ин гӯрхонаҳо зарфҳои тилоӣ, нуқраӣ, намунаҳои олии заргарӣ ва қадимтарин осори кошикориро пайдо кардаанд. Сокинони Г. бештар ҷаву гандум кишт намуда, аз чорпоён гӯсфанд, буз, шутур, гов, хук, асп ва харро парвариш мекардаанд. Соли 2009 дар Г. чоҳбуне (тагҷои зербино) кашф шуд, ки бештар аз 5 м қутр дошта, умқаш ба 2,5 м мерасид. Аз ин чоҳбуни дафнӣ бостоншиносон гардунаи чорчарха, боқимондаи устухонҳои ду хар, ду шутур, ҳафт инсон, ҳафт саг ва миқдори зиёди ашёи нодири таърихиро пайдо намуданд. Олимон муайян карданд, ки ҳайвонҳои мазкур қурбонӣ шудаанд ва мувофиқ омадани шумораи одамон ва сагҳо аз қудсияти рақами ҳафт ва саг дар миёни ориёнҳои зардуштӣ гувоҳӣ медиҳад. В. Сарианиди маълум намуд, ки урфу одат, анъана ва маросимҳои гонуриҳо бо дину ойини зардуштиёни муосир монандии зиёд дорад ва аз ин сабаб ӯ Г.-ро зодгоҳи Зардушт донистааст. Таҳқиқоти охир далел бар онанд, ки Г. яке аз марказҳои тамаддуни пешрафтаи ориёӣ дар Осиёи Марказӣ буда, дар қатори тамаддунҳои қадимии Байнаннаҳрайн, Миср, Чин ва Ҳинд рушд кардааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гонуртеппа / А. Шарипов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.