Горгий
Горгий (юн.-қад. Γοργίας; тақрибан 483 то м.[1] ё 485 то м., Lentini[d] — тақрибан 375 то м.[1], Лорисо[d]) — файласуфи суфистоӣ, яке аз бузургтарин назарияпардоз ва устоди ҳунари суханварии Юнони Қадим. Шогирди Эмпедокл, устоди Исуқрот, Перикл ва Антисфени Афинӣ.
юн.-қад. Γοργίας | |
Таърихи таваллуд | тақрибан 483 то м.[1] ё 485 то м. |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | тақрибан 375 то м.[1] |
Маҳалли даргузашт | |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Шогирдон | Гиппократ, Isocrates[d] ва Polus[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишҲунари суханвариро дар Ситсилия аз Коракс омӯхт. Соли 427 то м. ба ҳайси сафири Леонтий ба Афина омад ва дар он ҷо ҳамчун суханвари маъруф шуҳрат пайдо кард. Ба ӯ муяссар гардид, ки афинагиҳоро ба расонидани кумаки ҳарбӣ ба Леонтий моил намояд. Горгий ба шаҳрҳои Юнон ба сафар баромада, дар назди мардуми ҳар шаҳр суханрониҳо менамуд. Суханронии Горгий соли 392 то м. дар ҷаласаи умумиюнонӣ дар Олимп дар мавзӯи ваҳдати юнониҳо дар мубориза ба муқобили аҷнабиёни таҷовузгар (барбарҳо) хеле муассир буд ва асрҳо дар хотири мардуми Юнон нақш гузошт.
Горгий яке аз нахустин суханварони насли нав буд, ки дар фаъолияташ на танҳо ба амалия, балки ба назария низ сару кор гирифта, беҳтарин сабку равиши ҳунари суханвариро ба ашрофзодагон таълим медод ва онҳоро ба усули тафаккури мантиқӣ шинос менамуд. Ӯ усули хосси ҳунари суханвариро кашф намуд; онро дар илми хитоба (риторика) «шатранҷҳои горгийӣ» меноманд, ки таъбирҳои ҳаҷман ва мазмунан ба ҳам монанди гуногун, истифодаи ҷумлаҳои мутавозии дар ҳолати тазод қарордошта ва ғ. мебошанд. Асарҳои Горгий хусусияти бадеӣ дошта, дар онҳо ҷумлаҳо дорои қофия, тамсил ва хулосаҳои баланди мантиқианд. Аз эҷоди гаронбаҳои Горгий қисми ночизе боқӣ мондааст. Мас., баъзе пандҳои ӯ ба нотиқ, аз қабили: «Далелҳои ҷиддии рақибро бо шӯхӣ ва шӯхиҳояшро бо далелҳои ҷиддӣ рад намо!» то ба ҳол арзиши хешро дар мубоҳисаҳои дипломатӣ нигоҳ доштаанд. Ба тариқи пурра ду суханронии Горгий — «Ситоиши Елена» ва «Дифои Паламеда», ки дар заминаи асотири ҷанги Троя навишта шудаанд, то замони мо расидаанд. Горгий осорашро ба забони аттикӣ навиштааст, ки ин худ аз таъсири нуфузи Афина дар ҳаёти адабии Эллада дарак медиҳад. Ба ақидаи Горгий дониши мутлақ вуҷуд надошта, ҳатто чизеро, ки мо аз сар гузаронидаем, бо душворӣ ба ёд меорем ва дарк мекунем; мо бояд ба ақидаи зоҳиран дуруст қаноат намоем. Горгий дар асараш «Дар бораи чизе, ки нест ё Дар бораи табиат», ки саросар хусусияти лоадриягӣ (агностикӣ) дорад, донисташавандагии оламро инкор мекунад. Ақидаи асосии асари мазкур он аст, ки «ҳеч чиз вуҷуд надорад, вале агар чизе вуҷуд ҳам медошт, он донистанашаванда мебуд, агар донисташаванда ҳам мебуд, бо сухан баён кардан ва ба дигарон фаҳмондани он ғайриимкон мебуд».
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Горгий // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.