Готтлиб Даймлер
Готтлиб Вилҳелм Даймлер (олмонӣ: Gottlieb Wilhelm Daimler; 17 марти 1834, Шорндорф — 6 марти 1900, Бад Канштатт, Штуттгарт — муҳандиси олмонӣ, тарроҳ ва санъатгар.
олмонӣ: Gottlieb Daimler | |
Таърихи таваллуд | 17 март 1834[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 6 март 1900[1][2][3][…] (65 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | муҳандис, ихтироъкор, industrialist, корофарин |
Ҳамсар | Emma Daimler[d] ва Lina Schwend[d] |
Фарзанд | Paul Daimler[d] ва Adolf Daimler[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Якҷоя бо Вилҳелм Майбах Даймлер яке аз аввалин мошинҳо ва якчанд намудҳои муҳаррикҳои бензини дарунсӯзро тарҳрезӣ кардааст.
Зиндагинома
вироишГотлиб Вилҳелм Даймлер писари нонпаз аз шаҳраки Шорндорф наздикии Штуттгарт буд. Баъди хатми мактаби ибтидоӣ дар соли 1847 ӯ корро аз шогирдии силоҳсоз оғоз намуд. Соли 1857 Даймлер дар Донишкадаи политехникии Штуттгарт таҳсилро оғоз кард. Баъди таҳсил дар кишварҳои мухталифи Урупо: Фаронса, Инглистон ва Белгия сафар ва кор намуд.
Соли 1867 Даймлер бо Эмме Кунтс, духтари дорӯсоз издивоҷ кард.
Дар охири соли 1885 Даймлер ва Майбах муҳаррики аввалини худро сохтанд. Дар соли 1885 онҳо ҳамчунин карбюраторро фикр карда баромаданд. Моҳи августи 1885 Даймлер барои аввалин мотосикл ("Daimler Reitwagen") бо муҳаррики хурди насбшуда дар рамаи чубин ва ҳамчунин чархҳои чубин патент гирифт. Моҳи ноябри соли 1885 дар Олмон пойга баргузор гардид, Паул Даймлер, писари Готлиб Даймлер қад-қади дарёи Неккар, бо суръати 12 км/соат дар он 3 км ронд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 https://merkel-zeller.de/getperson.php?personID=I8516&tree=Merkel-Zeller
- ↑ 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 3.0 3.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.