Град (ҳандаса)
Град (гон), (фр. grade, аз лот. gradus — кунҷ), градиан — воҳиди андозагирии кунҷи ҳамвор, ки дар Фаронса ҳангоми ҷорӣ кардани системаи ченакҳои метрӣ (охири асри 18) пешниҳод гардида буд. Ишораташ 1g . Истилоҳи он дар Олмон, Шветсия ва кишварҳои дигари Аврупои Шимолӣ истифода мешавад. 1 град ба садяки кунҷи ҳамвор баробар аст. Воҳидҳои ҳиссавии град — дақиқаи метрӣ (1´ ё 1с) ба 1/100 град ва сонияи метрӣ (1'' ё 1сс) ба 1/100 дақиқаи метрӣ баробаранд. Таносуби байни град ва воҳидҳои дигари кунҷи ҳамвор чунин аст: 1g= 0,01570796 радиан, 1g=0,900о (дараҷаҳои кунҷ) ё 1о= 1,111g. Ҳоло град дар амал истифода намешавад, вале имконияти истифодабарии он дар микрокалкуляторҳо ва таъмини математикии барномаҳои компютерӣ вуҷуд дорад.
ЭзоҳВироиш
СарчашмаВироиш
- Град // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.