Граммофо́н (аз юн. γράμμα «сабт» + φωνή «овоз») — асбоб барои аз қартаи граммофон тавассути асбобҳои ме­ханикӣ такроран шунавонидани овоз.

Граммофон

Дар ИМА аз тарафи Эмил Берлинер (1888) дар асоси фонографи Томас Эдисон ихтироъ шудааст.

Граммофон аз ду қисм иборат аст: қисми аввал ҷузъ (меха­низм)-и пружинадорест, (фанардор)-е, ки қар­та­ро давр мезанонад: қисми дуюм сӯзани ба мембрана васлшуда ме­бошад. Ҳангоми кори граммофон нӯги сӯзан дар рӯйи рахҳои қартаи даврзананда ҳаракат карда, лапишҳоро ба мембрана мегузаронад ва карнай (рупор) ин лапишҳоро тақвият мебахшад. Граммофон то солҳои 20 ва навъи бештар паҳн­шудаи он — патефон то солҳои 40 асри 20 маъмул буданд.

Нигаред низ

вироиш

Сарчашма

вироиш