Грамм-эквивалент — миқдори граммҳои унсур ё пайвасти кимиёӣ, ки ададан ба массаи эквиваленти кимиёии он баробар аст. Масалан, грамм-эквиваленти оҳан (массаи атомиаш 55,847)-и 2-валента 27,92 г ва 3-валента 18,62 г мебошад. Грамм-эквиваленти кислота — миқдори кислота бо граммҳо, ки як грамм-эквиваленти ҳидроген дошта, қодир аст бо филизз иваз шавад ва намак ҳосил бикунад. Грамм-эквиваленти асос — миқдори асос бо граммҳо, ки барои таъсири куллӣ бо як грамм-эквиваленти кислота зарур аст. Грамм-эквиваленти намак — миқдори намак бо граммҳо, ки як грамм-эквиваленти филиз дорад. Мафҳуми грамм-эквивалент дар таҳлили ҳаҷмӣ фаровон истифода мешавад.

Сарчашма

вироиш