Гранитизатсия
Гранитизатсия — маҷмӯъи равандҳои табиъӣ, ки ҷинсҳои кӯҳии бо сабабҳои гуногун пайдошуда (таҳшинӣ, оташфишонӣ, метаморфӣ)-ро ба ҷинсҳои таркибашон гранитодию минералӣ ва кимиёӣ табдил медиҳад.
Ба ақидаи як гурӯҳ олимон гранитизатсия дар натиҷаи ба ҷинсҳои кӯҳӣ таъсир расондани газу моеъҳо ба амал меояд. Гурӯҳи дигари олимон чунин ақида доранд, ки гранитизатсия ба туфайли ба ҳам даромехтани ионҳои ҷинсҳои сахт ҳосил мешавад. Гранитизатсия асосан дар амиқтарин минтақаҳои геосинклиналҳо дар ғафсии ҷинсҳои метаморфӣ, бештар дар давраи амфиболитии умқӣ дар як вақт ё каме дертар аз давраҳои чинҳосилшавӣ инкишоф меёбад. Миқёси гранитизатсия гуногун мешавад. Дар минтақаҳои инкишофи ҷинсҳои кристаллии қадимии токембрий гранитизация метавонад минтақавӣ бошад (масоҳати васеъро фаро гирад), дар қабатҳои нисбатан ҷавон — мавзеӣ (қитъаҳои хурд дар робита ба интрузивҳо). Гранитизатсияро дар ҳудуди Карелия, Моварои Байкал (Забайкале) Украина ва дар ҷойҳое, ки ҷинсҳои метаморфӣ амиқ хобидаанд, мушоҳида кардан мумкин аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гранитизатсия // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |