Грант-элемент (аз анг. grant — иона ва element — унсур) — нишондиҳандаи интегралӣ, ки дар омори байналмилалӣ барои муқоисаи шароитҳои пешниҳоди қарзҳои гуногун истифода мешавад.

Шартҳои ҳар як қарз бо се хусусият тавсиф дода мешавад: муҳлати пешниҳод, марҳилаи имтиёзӣ ва фоизи қарз. Грант-элемент фарқияти ҳар як хусусияти қарзро ба эътибор мегирад. Дар натиҷаи пешниҳоди қарз бо шартҳои имтиёзӣ нисбат ба пешниҳоди қарзҳои тиҷоратӣ, ки даромади солонаи он ба сармояи қарз зам мегардад, баробари 10 % ҳисоб карда мешавад. Грант-элемент ҳаҷми қарзи пешниҳодшаванда буда, бо шартҳои имтиёзнок пешниҳод мешавад.

Сарчашма

вироиш