Гранулометрия
Гранулометрия (аз лот. granulum — донача ва метрия) — таҳлили гранулометрӣ, таҳлили механикӣ, маҷмӯи усули аз рӯйи фоиз муайян кардани таркиби гранулометрии ҷинсҳои кӯҳӣ (гил, хок, рег, шағал, хоки регдор). Ҷинсҳои кӯҳиро дар натиҷаи таҳлили механикию гидравликӣ ба гурӯҳҳо ҷудо карда, таркибашонро аз рӯйи фоиз дақиқ менамоянд. Дар таҳлили механикӣ ҷинсҳои кӯҳии майдашударо аз элаку ғалбери махсус гузаронда, ба гурӯҳҳо тақсим мекунанд. Таҳлили гидравликӣ дар лаборатория (ташхисгоҳ) бо усули пайиҳам ба об андохта шуста гирифтани зарраҳои хурд анҷом меёбад. Бо ёрии гранулометрия зарраҳои ҷинсҳои кӯҳиро мувофиқи андозаашон ба фраксияҳои зерин ҷудо мекунанд: гил аз 0,005 мм хурдтар, гард аз 0,005 то 0,05 мм, рег аз 0,05 то 1 мм, сангреза аз 1 мм калонтар. Гранулометрия ғайр аз ин, пайдоиши ҷинсҳои кӯҳӣ, қобилияти аз худ гузаронидани обу нафт ва газ, инчунин хусусиятҳои дигари онҳоро меомӯзад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гранулометрия // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.