Гранулотситҳо — ҳуҷайраҳои сафеди хун, ки шакли дона-дона дошта, дар ситоплазма ҷойгиранд.

Гранулотситҳоро аз рӯи қобилияти рангнокшавии донаҳо ба эозинофилҳо ва нейтрофилҳо ҷудо мекунанд. Гранулотситҳо бахши асосии лейкотситҳои хуни одам мебошанд. Вобаста ба синну сол, ҳолати физиологии андомгон (организм) ва таъсири бемориҳо таносуби гранулотситҳо дар андомгон тағйир меёбад. Гранулотситҳо қобили фаготситоз мебошанд. Онҳо мумкин аст аз раги хун ба бофтаҳо гузашта, дар раванди илтиҳоб ширкат варзанд. Гранулотситҳо дар узвҳои хунофар ҳосил мешаванд.

Сарчашма

вироиш