Гратс (олмонӣ: Graz [ˈɡʁaːts], словенӣ: Gradec — Градетс) — шаҳр дар Австрия, маркази маъмурии музофоти Штирия. Аз ҷиҳати бузургӣ ва аҳаммияти иқтисодӣ дуввумин шаҳри мамлакат (баъди Вена) ба ҳисоб меравад. Дар соҳили дарёи Мур, дар қисми ҷанубу шарқии доманакӯҳҳои Алпҳои Штирия. Аҳолиаш 269,9 ҳазор нафар (2014). Маркази муҳимми роҳҳои нақлиётии мамлакат. Соли 1128 аввалин маротиба бо ин ном дар маъхазҳо ёдовар гардидааст. Дар замони салтанати сулолаи Бабенбергҳо (1192—1246) маркази ҳерсогии Штирия, дар охири асри 13 дар зери ҳокимияти сулолаи Габсбург буд. Соли 1281 ҳуқуқи худидоракуниро соҳиб шуд. Грас яке аз марказҳои фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва сайёҳии Австрия ба ҳисоб меравад. Тақр. 70 дарсади аҳолии Грас дар соҳаи хидматрасонӣ фаъолият мекунанд. Саноати истеҳсоли воситаҳои нақлиёт, техникаи кишоварзӣ, мошинасозӣ (з-ди худравсозии «Steyr-Daimler-Puch», «Eurostar»), коркарди филиззот, истеҳсоли асбобҳои дақиқ ва оптикӣ, коғаз, кимиё, шишабарорӣ, чарм, хӯрокворӣ, нассоҷӣ, табъу нашр ва майкашӣ ривоҷ ёфтаанд. Донишгоҳи ба номи Карл Франсес, Донишгоҳҳои техникӣ, мусиқӣ ва ҳунарҳои саҳнавӣ дорад. Ёдгориҳои меъмории асрҳои 15-17 боқӣ мондаанд. Дар Г. осорхонаҳои Иоаннеум (1811), Кунстхаус (Осорхонаи санъати муосир); театрҳои опера (1899), драма (1776); Ҷамъияти байналмилалии таҳқиқи мусиқии ҷаз (1969) мавҷуданд. Фестивали байналмилалии театрии «Тирамоҳи Штирия», санъати муосири Австрия — «Форум штадтиарк театер», кинои Австрия (аз соли 1998), санъати тасвирӣ ва наққошии муосири «Тотенштирия», фестивали тобистонаи мусиқии классикии «Штириарте» (аз соли 1985) баргузор мешаванд.
Маҳалли аҳолинишин |
Грас |
---|
олмонӣ: Graz |
|
|
|
Парчам |
Нишон |
|
Кишвар |
[[|]] |
Роҳбар |
Elke Kahr[d][1] |
Аввалин номбарӣ |
1128 |
Масоҳат |
|
Баландии марказ |
353 ± 1 м |
Минтақаи замонӣ |
UTC+1[d] ва UTC+02:00 |
Аҳолӣ |
|
Пешшумораи телефон |
316 |
Нишонаи почта |
8010, 8020, 8036, 8041, 8042, 8043, 8044, 8045, 8046, 8047, 8051, 8052, 8053, 8054 ва 8055 |
Коди мошин |
G |
graz.at(олмонӣ) |
|
Парвандаҳо дар Викианбор |