Граувакка (аз олм. grau — хокистарранг ва wacke — ҷинси кӯҳӣ) — ҷинси кӯҳии таҳшинӣ, ки аз пораҳои ҷинсҳои магмавӣ, метаморфӣ ва таҳшинӣ таркиб ёфта, ба миқдори зиёд моддаҳои сементӣ ҳам дорад. Рангаш маъмулан хокистарии сиёҳтоб, сиёҳ ё сабзи тира. Донаҳояш қиррадори дурушт. Граувакка ҷинси хосси ноҳияҳои геосинклиналӣ буда, дар онҳо қабатҳои ғафсро ташкил медиҳад. Граувакка бар асари вайрон шудани кӯҳҳо ва дар доманаи кӯҳҳо ҷамъ шудани ҷинспораҳо пайдо мешавад.

Граувакка
Твёрдость {{{Твердость}}}

Сарчашма

вироиш