Унсури Викидода мавҷуд нест

Графенштейни сурх - навъи қадимии себи баҳории олмонӣ.

Дарахташ калони сершоха, то 7 м қад мекашад, дарозии шохаҳояш 10-12 м. Шохсораш бақувват, танааш ғафс (150—160 см). Баргаш калон (9,4 х 6,0 см)-и байзашакл, заврақчамонанд, рангаш сабзи тирагун, думчааш ғафс (дарозиаш 3,0 см). Гулаш калон (6,1-6,7 см), сафеди гулобӣ, 5-6-тоӣ дар хӯшагул ҷой гирифтааст. Мевааш хушнамуд, махрутшакл ё гирда; вазнаш 100—120 г, пӯсташ нафиси суфта, зард, донача ва рахҳои сурхи гулобӣ дорад. Гӯшти мевааш сафеди зардча, нарми сероб, хуштаъми хушбӯй, ширин; тухмаш майдаи дарозрӯя, ҷигарӣ.

Графенштейни сурхро дар Осиёи Марказӣ аз охири асри 19 мепарваранд. Дар Тоҷикистон аз соли 1965 дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва навоҳии тобеи марказ парвариш карда мешавад. Онро дар Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон ва Украина низ мепарваранд. Дар заминҳои ҳосилхез ва обшор хуб нашъунамо карда, ҳосили фаровон медиҳад. Ниҳолаш баъди 5-6 сол самар меорад. Даври нашваш 230—250 рӯз. Аввали апрел гул мекунад; давраи гулшукуфташ 13-16 рӯз. Меваашро даҳаи дуввуми июл меғундоранд; он пас аз 7-10 рӯзи чидан пухта мерасад (то як моҳ сифаташро нигоҳ медорад). Дар таркиби меваи тару тозааш 87,12 % об, 12,88 % моддаҳои хушк, 9,88 % қанд, 0,49 ҷавҳар мавҷуд аст; барои тархӯрӣ, консервонӣ ва хушконидан истифода мебаранд. Аз ҳар га боғи он 200—300 сентнер ҳосил гирифтан мумкин. Мевааш барои ба ҷойҳои дур кашондан мувофиқ аст. Дарахташ аз сармо, баъзан аз кирми мевахӯрак зарар мебинад. Дарахти сармозадааш пас аз 2-3 сол аз сари нав тана мекунад.

Адабиёт

вироиш
  • Плодоводство Таджикистана. Д., 1970-76;
  • Гулов С. М. ва дигарон. Мевапарварӣ. Д., 2007.

Сарчашма

вироиш
  • Графенштейни сурх / Ф. Урунов, У. Раҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.