График
График (юн. graphikos — расм, тарҳ) — тасвири вобастагии ду тағйирёбанда.
Табдилёбандаи новобаста дар хатти уфуқӣ, тағйирёбандаи вобаста дар хатти амудӣ ҷой дода мешавад, лекин ин қоида на ҳамеша риоя мегардад. Вақте ки бузургии ҳар ду ивазшаванда ба як тараф ва ҳамон самт тағйир меёбанд, дар байни онҳо вобастагии мусбат ё мустақим вуҷуд дорад. Он дар график ба намуди хатти болораванда тасвир меёбад. Нишебии хатти болораванда мусбат буда, хатти ба поён майлдошта манфӣ мебошад. Агар бо дигаргуншавии бузургии табдилёбандаи новобаста, бузургии вобаста тағйир наёбад, хат нишебии сифриро дорад. Агар ба ҳамон як бузургии табдилёбандаи новобаста шумораи беохири бузургии тағйирёбандаи вобаста мувофиқат намояд, нишебии хат ба аломати беохир баробар мешавад. Дар расмҳои мазкур вобастагиҳои одитарин, ки бо хатти рост тасвир ёфтаанд, нишон дода шудаанд. Дар амал вобастагиҳо бештар хусусияти мураккаб дошта, бо хатти каҷ инъикос мегарданд. Нишебии функсия метавонад аз ҳолати мусбат ба манфӣ ва баръакс табдил ёбад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- График / М. Юнусова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.