График (ҳандаса)
График — тасвири ҳандасии вобастагии функсионалӣ бо ёрии хатҳо дар ҳамворӣ.
Графикро барои айнияти вобастагии функсионалӣ, таҳқиқи он ва барои фаврӣ ёфтани қиматҳои функсия аз рӯи қиматҳои аргумент истифода мебаранд. Навъҳои график гуногун буда, ба системаи координатаҳои мунтахаб вобастаанд. Агар системаи координатаҳо интихоб шуда бошад, графики функсияи дар ҳамворӣ тасвири маҷмӯи нуқтаҳоеро медиҳад, ки координатаҳои онҳо муодилаи -ро қаноат мекунанд. Аксари графикҳо дар системаи координатаҳои декартӣ сохта мешаванд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- График / Г. Ҷангибеков // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.