Графит
Графи́т (аз юн.-қад. γράφω «нигоштан, навиштан») — минерал, яке аз ҳолатҳои кристаллии карбони холис. Формулаи кимиёиаш C. Кристаллҳояш хурди тунук, шаклаш шашкунҷа. Рангаш сиёҳ, хокистарранги тира; ҷилояш филиззӣ. Сахтиаш 1-1,5; зичиаш 2230 кг м2.
Формула | C (углерод) |
Физические свойства | |
Цвет | Серый, чёрный стальной |
Цвет черты | Чёрная |
Блеск | Металловидный |
Прозрачность | Непрозрачный |
Твёрдость | 1–2 |
Спайность | Совершенная по {0001} |
Плотность | 2,09–2,23 г/см³ |
Сингония | Гексагональная (планаксиальная) |
Дар ҷинсҳои метаморфӣ (гнейс, мармар) ва баъзан гранитҳо вомехӯрад. Графит қобилияти электргузаронӣ ва ҳарорати баланди гудозиш (3850±50°С) дошта, ба кислотаҳо тобовар аст. Барои тайёр кардани қолабҳои гудозиш, бӯта, таҷҳизоти техникӣ, электрод, ранг ва қалам истифода мешавад. Графити сунъӣ дар техникаи ҳастаӣ ва ракетасозӣ ба кор меравад. Конҳои графит дар Чехия, Словакия, Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Мексика ва Олмон мавҷуданд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Графит / К. Вазиров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.