Граффити́зм (англ. graffiti art) — ҷараёни байнулмилалӣ дар санъати муосир, ки реша дар фарҳанги ҷавонони солҳои 60–80 асри 20-и ИМА дорад.

Граффитизм тарзу тимсолҳои техникаи граффитиро дар санъати тасвирии дастгоҳӣ, графика, муҷассамасозӣ ва дигар намудҳои ҳайкалтарошӣ мушобеҳ мекунад. Ҳангоми офаридани асарҳо шеваҳои рок-, панк-эстетика, маводди ВАО, унсурҳои субкултураи муосири шаҳрӣ истифода ва баёни силсилаи расмҳои ҳаҷвӣ, сужету сабки навиштаҷот ва расмҳои ҷодаӣ васеъ иқтибос мешаванд. Чун қоида, масолеҳи арзон ё қаблан истифодашударо ба кор мебаранд, ки туфайли он содакории намоишии наздик ба санъати музҳик иҷро гардида, ҷанбаи тиҷоратии ин асари бадеӣ сарфи назар мешавад. Нахустин рассомони граффитист туфайли нигорхонаи Ист-Виллэҷ дар Манҳеттен миёнаи солҳои 1970-и асри 20 дар байни мардум маъруф гаштанд. Бархе аз онҳо худомӯз буданд [Креш (Ҷ. Матос), Дейз (К. Элис), Футура 2000 (Л. Макгар), Э. М. Баскиа], дигарон маълумоти олии рассомӣ доштанд (К. Харинг, К. Шарф).

Солҳои 80 асри 20 граффитизм ривоҷ ёфта, дар Аврупо низ маъмул гардид.

Сарчашма

вироиш