Грейзен
Грейзен (олм. олмонӣ: Greizen — таҷзия) — ҷинси кӯҳии пайдоишаш метасоматикӣ, ки асосан аз кварс ва абрақҳои сафедча (мусковит, лепидолит) иборат аст.
Твёрдость | {{{Твердость}}} |
Таркибаш баъзан касситерит, волфрамит, флюорит, турмалин, талқ низ дорад. Грейзен дар натиҷаи бо таъсири газҳои тафсон ва обҳои гарми магмавӣ тағйир ёфтани гранит ва ҷинсҳои дигар ҳосил мешавад. Чунин тағйирёбии ҷинсҳоро грейзенизатсия меноманд. Ҳангоми ин раванд шпатҳои даштии таркиби ҷинсҳо ба кварс ва абрақ табдил меёбанд. Грейзен, маъмулан, дар атрофи массивҳои гранитӣ вомехӯрад ва барои ҷустуҷӯи сарватҳои зеризаминӣ нишонаи хубе мебошад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Грейзен // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |