Грейфер (олмонӣ: Greifer аз greifen — гирифтан, қапидан):

  • Грейфер — дастгоҳи борбардорие, ки кафлес (шиканҷа)-и тобхӯранда дорад. Ба мошинҳои борбардор, аз ҷумла кранҳо, мошинҳои боркунанда, электроталҳо, экскаваторҳо васл мекунанд. грейферҳо ду ва бисёркафлеса мешаванд. грейферҳои бисёркафлесаро барои бардоштани (гирифтани) оҳанпора ва харсангҳо истифода мебаранд. Тавассути танобҳо ва ҳаракатоварҳои барқӣ ё электромеханикӣ (грейферҳои муҳаррикдор) кафлесҳоро ба ҳам оварда, грейферро боло мебардоранд
  • Грейфер — ҷузъи дастгоҳ ё мошин барои мустаҳкам кардани маводди коркардшаванда.

Сарчашма

вироиш