Гренландия
Гренландия (Шаблон:Lang-kl, дан. Grønland) — бузургтарин ҷазираи рӯи Замин дар уқёнусҳои Атлантик ва Яхбастаи Шимолӣ. Сарзамини Дания. Дарозии хатти соҳилаш 44087 км. Дар шимол бо баҳри Линколн, дар ҷануб бо баҳри Лабрадор, дар ғарб бо гул.-ҳои Робсон, Кеннеди, Смит, баҳри Баффин ва гул. Денисов, дар шарқ бо баҳри Гренландия ва гул. Дания ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 2175,6 ҳазор км². Аҳолиаш 57600 нафар (2014). Маркази маъмуриаш — ш. Нуук (Готхоб). Иди миллиаш — 21 — июн — Рӯзи эълони мухторият. Воҳиди пулаш — кронаи Дания. Аз соли 1979 Гренландия — воҳиди ҳудудии мустақил дар ҳайати шоҳии Дания. Мақоми қонунбарори Гренландия — ландстинг, ки бо овоздиҳии умумӣ интихоб карда мешавад, умури дохилиро назорат мекунад. Пешвои ҳизбе, ки аксарияти овозҳоро гирифтааст, сарвазир мешавад. Сарвазир ҳукумат — ландстюреро, ки аз ҳайати ланстинг интихоб карда мешавад, роҳбарӣ мекунад. Мақомоти худидораи маҳаллӣ ба муҳлати 4 сол интихоб карда мешаванд. Раиси ҳукумати ҷазира — губернатор. Дар парлумони Дания ду вакил (депутат) дорад.
Ном | Kalaallit Nunaat[1], Grønland[1] ва Grönland[1] |
---|---|
Қитъа | Амрикои Шимолӣ |
Кишвар |
|
Воҳиди марзию маъмурӣ | Гренландия |
Ҷойгир аст дар назди обанбори | Уқёнуси Атлантик, Уқёнуси яхбастаи шимолӣ, Баффин, Labrador Sea[d], Lincoln Sea[d], Wandel Sea[d] ва Irminger Sea[d] |
Баландтарин нуқта | Gunnbjørn Fjeld[d] |
Шумораи аҳолӣ |
|
Баландӣ аз сатҳи баҳр | 3 694 м |
Масоҳат |
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Табиат
вироишСоҳилҳои Гренландия харсангӣ ва каҷукилеб аст. 81 дарсади ҷазира яхпӯш мебошад. Сатҳи пирях аз соҳил ба дохили ҷазира баланд мешавад. Гунбази самти шимолии пирях то 3300 м, ҷанубиаш 2730 м, ғарбиаш 600 м, шарқиаш 1000 м ва дар марказ то 100 м. Ғафсии пирях ба ҳисоби миёна 2300-3400 м. Ҳаҷмаш 2,6 млн км3. Қабатҳои болоӣ ва канораҳои пирях тадриҷан мешикананд ва аз марказ соле 150 м, аз канораҳо дар як шабонарӯз 20-40 м ба сӯйи уқёнус лағжида, айсбергҳоро ба вуҷуд меоранд. Ҳар сол дар наздикии соҳилҳои Гренландия (асосан соҳили ғарбӣ) қариб 13-15 ҳазор айсберг пайдо мешавад. Саросари соҳилҳо қитъаҳои беях (барашон 200—250 км) тӯл кашидаанд, ки инҳо кӯҳ (баландиашон то 200 м) ва паҳнкӯҳҳо (баландиашон то 400—600 м) мебошанд. Дар соҳили ҷанубу ғарбӣ баландтарин қ. Гунбёри (3700 м, дар кӯҳи Уоткинс) воқеъ аст. Минтақаи васеи ғарбӣ ва соҳили шимоли Гренландия (Замини Пири) яхпӯш нест.
Сохти геологӣ ва сарватҳои зеризаминӣ
вироишГренландия қариб пурра дар қисми шимолу шарқии сипари Канада ҷойгир аст, ки аз варақсангҳои кристаллӣ ва гнейсҳои давраи архей ва протерозой ташаккул ёфтааст. Дар қисми шарқӣ ва шимолӣ минтақаҳои чиндори давраи каледонӣ — кӯҳҳои Инуит ва Гренландияи Шарқӣ мавҷуданд. Соҳилҳои шарқӣ инчунин аз базалтҳои давраи полеоген ташкил ёфтаанд. Дар Гренландия сарватҳои зеризаминӣ бисёранд: нафту газ, криолит, тило, нуқра, сурб, руҳ, мис, молибден, уран, торий, хром, ангиштсанг ёфт шудаанд. Дар кӯҳҳо хоро ва санги қамарӣ вомехӯранд.
Иқлими соҳилҳои Гренландия баҳрӣ, субарктикӣ ва арктикӣ, дар сипари яхин арктикӣ мебошад. Ҳарорати миёнаи январ аз — 8°С дар ҷануб, то 4°С дар шимолу ғарб. Дар ноҳияҳои марказӣ ҳарорати миёнаи январ ба — 46°С (пасттарин — 60°С), июл ба — 12°С мерасад. Миқдори бориши солона дар ҷануб — 800—1000 мм, дар шимол — 150—250 мм, дар марказ — 300—400 мм. Тобистон дар соҳилҳо туман пайдо мешавад. Иқлими соҳилҳои ҷанубу ғарбӣ нисбатан мулоим ва барои зист мувофиқ аст. Тобистон аз таъсири гармӣ ва ҷудо шудани яхпораҳо пирях оҳиста-оҳиста хурд мешавад.
Олами наботот
вироишДар ҷойҳои беяхи ҷазира рустаниҳои буттаӣ — тӯси қадпаст, бед, роздор, ғубайро, ардаҷ, дар шимол ушнаи арктикӣ, биёбонӣ, дар марғзорҳо алафҳои гуногун мерӯянд.
Олами ҳайвонот
вироишДар Гренландия қариб 30 намуди ширхӯрҳо, аз ҷумла хирси сафед, рӯбоҳи шимолӣ, гурги қутбӣ, говмеш, гавазни шимолӣ, лемминг, дар обҳои соҳилӣ наҳанг, морж, тюлен, аз парандаҳо гага, моҳихӯрак, кабки сафед, бум, уқоб, қози сафедгардан зиндагӣ мекунанд. Дар шимолу шарқи Гренландия Боғи миллии Гренландия (бузургтарин ҳудуди ҳифзшаванда дар Замин) ҷойгир аст. Дар ҳудуди қариб 70 млн га говмеши мушкин, хирси сафед, тюлен, морж, қоқум, гурги қутбӣ, парандагони зиёд зиндагӣ мекунанд. Пиряхҳои баланди Илулиссат ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст.
Таҳқиқ
вироишТаҳқиқи Гренландия-ро дар асри 16 баҳрнавардони англис ҳангоми ҷустуҷӯи роҳи баҳрии шимолу ғарбӣ ба Ҳиндустон оғоз намуданд. Соли 1576 М. Фробишер димоғаи Фарвел (димоғаи ҷанубтарин дар Гренландия)-ро кашф намуда, соли 1578 ба соҳили ҷанубу ғарбӣ фуруд омад. Солҳои 1585 ва 1587 баҳрнаварди англис Д. Девис харитаи қисми зиёди соҳили ғарбиро кашид. Гул.-и байни Гренландия ва ҷазираи Замини Баффин ба номи ӯ гузошта шудааст. Нахустин саёҳати тӯлониро ба дохили ҷазира баҳрнаварди швед Н. А. Э. Норденшелд (1883) анҷом дод. Соли 1886 қисми ҷанубии Гренландия-ро норвегиягиҳо Ф. Нансен ва О. Свердруп убур карданд. Дар ҳамин сол контрадмирали амрикоӣ Р. Пири таҳқиқотро дар Арктика аз саёҳат ба дохили Гренландия шурӯъ кард. Вай солҳои 1891-92 шимоли Гренландия-ро убур карда, баъд ин ҷазираро ҳамчун пойгоҳ барои экспедитсия ба Қутби Шимол истифода бурд. Нимҷазираи Замини Пири, ки соли 1900 ӯ онро кашф кард, ба номи вай гузошта шудааст. Аз ҳамон вақт бисёр сайёҳон ва олимон: К. Рассмусен (1912-13), И. Кох (1913), А. Вегенер (1929-30) ба Гренландия рафтаанд. Проф. Донишгоҳи Мичиган У. Гренландия Хоббс аз ҷумлаи онҳост. Ӯ соли 1926-31 дар Гренландия таҳқиқоти аэрологӣ гузаронд, ки ба инкишофи обуҳавосанҷи (метеорология)-и қутбӣ мусоидат кард. Соли 1939 ду экспедитсия — олмонӣ ва англисӣ барои гузаронидани таҳқиқотҳои метеорологӣ ва глятсиологӣ ба ноҳияҳои душворгузари дохили ҷазира (баландиашон 2400-3050 м) рафтанд. Экспедитсияи байналмилалии глятсиологӣ бо роҳбарии П. Э. Виктор (1949-51) ва экспедитсияи англисӣ (1952-54) барои таҳқиқи пиряхҳо аҳаммияти бузург доштанд. Солҳои 1968-69 дар Гренландия экспедитсияи АИ ИҶШС ба таҳқиқот машғул буд. Ҳоло вазъи сипари яхинро олимони ИМА ва Британияи Кабир мунтазам таҳқиқ мекунанд.
Аҳолӣ
вироишҚариб 90 дарсади аҳолии Гренландия-ро эскимосҳо, 10 дарсадро аврупоиҳо (асосан даниягиҳо) ташкил медиҳанд. Забони расмӣ — гренландӣ (лаҳҷаи эскимосҳо) ва даниягӣ. Диндорон — асосан лютеранҳо, як қисми эскимосҳо ақоиди анъанавии худро нигоҳ доштаанд. Шумораи аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷират кам мешавад. афзоиши аҳолӣ 0,8 %. Таваллуд 16,1 %, фавт — 7,93 %, фавти навзодон — 14,98 ба 1000 навзод. Ҳисоби миёнаи дарозумрӣ — 70,32 сол. Шумораи мардҳо бештар аст. Аҳолии Гренландия дар минтақаҳои беях зиндагӣ мекунанд. Зичии баландтарини аҳолӣ 14 нафар дар 1 км². Соҳилҳои ғарбӣ нисбатан сераҳолианд. Дар соҳилҳои шарқӣ аҳолӣ камтар аст. Эскимосҳое, ки дар шимолу ғарби Гренландия зиндагӣ мекунанд, аз таъсири тамаддун берун мондаанд.
Таърих
вироишҶазираи Гренландия-ро бори аввал тақр. соли 975 баҳрнаварди исландӣ Гунбёрн кашф кард, аммо ба соҳил нафаромад. Соли 982 баҳрнаварди норвегӣ Эрик Гренландия-ро таҳқиқ намуда, соли 983 дар наздикии шаҳри имрӯзаи Какорток ду мустамлика (колония) ташкил кард ва ин кишварро Гренландия номид. Норвегиягиҳо таҳқиқи ҷазираро давом доданд. Тақр. соли 1000 Лейф Эриксон ба соҳилҳои Амрикои Шимолӣ (Замини Винланд) расид. Деҳаҳои норвегиягиҳо то асри 13 мустақил буданд. Аз соли 1261 расман ба Норвегия тобеъ шуданд. Соли 1380 Норвегия ва Дания дар як шоҳӣ муттаҳид шуданд ва Гренландия мулки онҳо гардид. Аз ибтидои асри 13 дар Гренландия эскимосҳо маскун шуданд. Дар ибтидои асри 15 деҳаҳои норвегиҳо ба сабаби сардӣ, бадшавии обу ҳаво, задухӯрд бо эскимосҳо ва дурӣ аз Аврупо пурра аз байн рафтанд. Дар ҷазира эскимосҳо маскун гардиданд. Дар ибтидои асри 17 савдогарони ҳолландӣ муносибатҳои тиҷоратиро бо сокинони муқимии Гренландия барқарор намуданд. Аввалин деҳаи даниягиҳоро соли 1721 роҳиб Х. Эгеде дар соҳили ғарбии Гренландия ташкил кард. Баъди ин Дания фаъолона ба тиҷорат бо сокинони муқимӣ машғул шуд. Соли 1729 Гренландия мустамликаи Дания гардид. Дар ибтидои асри 20 Норвегия барои бекор намудани ҳуқуқи Дания ба Гренландия кӯшиш намуд ва соли 1931 хост онро ғасб кунад, вале маҷбур ба ақибнишинӣ шуд. Баъд аз Данияро истило кардани Олмон (1941) идораи ҷазира ба ИМА дода шуд, ки дар он ҷо пойгоҳҳои ҳарбии ҳавоии ИМА сохта шуданд. Соли 1945 ИМА ҷазираро ба Дания баргардонд, вале пойгоҳҳои ҳарбии ҳавоии худро дар Гренландия нигоҳ дошт. Мувофиқи конститутсияи соли 1953 Гренландия як қисми комилҳуқуқи шоҳии Дания эълон шуд. 1.5.1979 Гренландия воҳиди мустақили маъмурӣ дар ҳайати шоҳии Дания эълон гардид. Соли 1985 Гренландия аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо баромад ва сиёсати мустақилонаро пеш гирифт.
Соли 1996 Гренландия яке аз асосгузорони Шӯрои Арктика гардид. Ҳизбҳои асосии Гренландия: «Симут» («Ба пеш») — ҳизби равияи сотсиал-демократӣ буда, ҳадафаш васеъкунии мухторият дар соҳаи иқтисодиёт ва истифодаи захираҳои табиӣ мебошад. «Инуит атакватигиит» («Умумияти инуитҳо») барои ба даст даровардани истиқлоли пурра аз Дания мубориза мебарад. «Атассут» («Муттаҳидӣ») тарафдори иттиҳод бо Дания мебошад. Дар ҷазира пойгоҳи ҳарбии Тулеи Дания (қувваҳои ҳарбии ҳавоии ИМА истифода мебаранд), инчунин пойгоҳҳои идоракунии киштиҳои зериобии атомӣ ва пойгоҳи огоҳкунии мушакии ИМА ҷойгиранд. ИМА Гренландия-ро ҳамчун машқгоҳи техникаи ҳарбӣ ва таълими ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳ дар шароити Арктика истифода мебарад.
Иқтисод
вироишАсоси иқтисодиёти Гренландия моҳидорӣ, сайди ҳайвоноти баҳрӣ ва коркарди моҳӣ (равғанмоҳӣ, шӯрмоҳӣ, палтус) буда, 25 дарсади аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа кор мекунад. Дар Гренландия гавазнпарварӣ ва гӯсфандпарварӣ (дар ҷануб) ривоҷ ёфтааст. Бо Копенгаген ва Рейкявик алоқаи ҳавоии мунтазам барқарор аст. 14 фурудгоҳ ва 4 бандари баҳрӣ дорад. Дар дохили шаҳрҳо нақлиёти худрав рушд кардааст; байни шаҳрҳо роҳҳои автомобилгард вуҷуд надоранд; алоқаи байни шаҳрҳо бо нақлиёти баҳрӣ ва ҳавоӣ таъмин мегардад. Дар ноҳияҳои шимолӣ воситаҳои нақлиёт ‒ худрави барфгард ва сагҳои чанакаш мебошанд. Шарики асосии тиҷорати Гренландия Дания буда, молҳои Гренландия-ро ба Ҷопон ва мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо содир мекунад. 85 дарсади ҳаҷми содиротро маҳсулоти моҳӣ, пеш аз ҳама креветкаҳои коркардшуда ташкил медиҳанд. Маъданҳои руҳу сурб ва пашм низ содир карда мешаванд. Дания ба ҷазира молҳои саноатӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ ворид менамояд. Аз охири асри 20 сайёҳӣ рушд кардааст. Хидматрасонии тиббӣ барои ҳамаи сокинони Гренландия ройгон аст.
Маориф ва фарҳанг
вироишСатҳи маърифатнокии аҳолии аз 15-сола боло ба 100 % мерасад. Дар Гренландия барои кӯдакони 7-16 сола таълими ҳатмӣ ҷорӣ карда шудааст. Таълим ба забони гренландӣ аст. Аксарияти сокинони Гренландия маълумоти миёна доранд. Дар Нуук донишгоҳ мавҷуд аст. Дар адабиёт жанрҳои фолклорӣ афзалият доранд. Адабиёти бадеӣ (наср, назм, драматургия) дар ибтидои асри 20 ташаккул ёфтааст (нахустин роман — «Орзу»-и М. Сторк). Нависандагони нисбатан машҳури Гренландия: Калерак (К. Хейлманн), А. Линге, П. Петерсен, нависанда ва шоир Ф. Нилсен, О. Розинг, шоирон Х. Клейст, Х. Петерсен.
Меъморӣ
вироишМеъморӣ, санъати тасвирӣ ва ороиши амалӣ. Барои меъмории Гренландия омезиши анъанаҳои аврупоӣ бо мактаби шаҳрсозии гренландӣ хос аст. Иморатҳои имрӯзаи Гренландия асосан биноҳои пасти болордор ва хонаҳои дуошёна мебошанд. Дар минтақаҳои қутбӣ козаҳои (кулбаҳои) зимистонӣ боқӣ мондаанд. Дар наздики Какарток харобаҳои Хвалсей, дар Нуук маҳаллаҳои қадимии Колонихавен (деҳаҳои моҳигирони асри 17), хонаи Эгеде, ёдгории малика Маргарита ва ғ., дар Кекертарссуак (Годхавн) хонаи чӯбини қадимии Гренландия (1734), дар Сисимиут шаҳри қадимӣ бо хонаҳои қадимӣ ва калисои чӯбин (1775) воқеанд.
Дар Гренландия кандакорӣ дар рӯи устухони морж, дандони наҳанг, коркарди пӯсту мӯина ва гулдӯзӣ инкишоф ёфтааст. Рассомони ҳирфаӣ аз сужетҳои асотирӣ ва миллӣ истифода мебаранд. Рассомони нисбатан маъруфи Гренландия: дар асри 19 Арон аз Кангек, дар асри 20 наққош ва рӯҳонӣ Нилс Лингес (Линҷа).
Дар Нуук осорхонаи миллӣ, осорхонаи санъат, дар Какорток осорхона, дар Касигиангуит осорхонаи миллӣ, дар Упернавик осорхонаи қадимии шаҳрӣ, дар Илулиссат осорхонаи сармо ва осорхонаи К. Расмуссен, дар Нуук китобхонаи миллӣ мавҷуданд. нашрияҳои даврӣ ба забонҳои даниягӣ ва гренландӣ интишор мешаванд. Қадимтарин газета — «Atuagagdeiu tit Gronladsposten» (соли таъсисаш 1861). Хадамоти давлатии радиои Гренландия ва Телевизиони миллии Гренландия фаъолият доранд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
Сарчашма
вироиш- Гренландия // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.