Гренланд (баҳр)
Гренланд — баҳри канории уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ дар байни ҷазираҳои Гренландия, Исландия, Ян-Майен, Медвежий ва Шписберген. Масоҳаташ 1195 ҳазор км2, умқи миёнааш 1641 м ва ҷойи амиқтаринаш 5527 м. Қаъри баҳри Гренланд ба пастхамии чуқуррафта шабоҳат дорад, ки бо баландиҳои зериобӣ иҳота шудааст. Иқлимаш арктикист. Қад-қади қисми ғарбиаш ҷараёни хунуки Гренландияи Шарқӣ ва аз қисмати шарқиаш ҷараёни гарми Шписберген мегузарад.
Ҷойгиршавӣ | |
---|---|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Тобистон ҳарорати об дар шимолу ғарб аз 0°С то 6°С дар ҷануб, зимистон дар самти ғарбӣ аз 1,8°С, дар самти шарқӣ то 2°С тағйир меёбад. Шӯрии об дар қисми болоии баҳр ва қисми соҳилии он ба 32-34 %0 буда, дар қисмати шимолу шарқии баҳр то 35 %0 мерасад. Дар Гренланд тамоми сол ях мавҷуд аст. Дар мавсими зимистон дар баҳр яхпораҳо пайдо мешаванд. Мадди баҳр мураттаби нимшабонарӯзӣ буда, дар соҳилҳои шарқии Гренланд то ба 3 м мерасад. Гренланд яке аз минтақаҳои бузурги моҳидорӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, шӯрмоҳӣ, равғанмоҳӣ, палтус, лайка ва тюленҳои гренландӣ шикор мекунанд. Бандарҳои бузургаш: Акюрейри (Исландия), Лонгйир ва Бареснбург (ҷазираи Шписберген).
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гренланд // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.