Гро́дно ва Ҳродна (беларусӣ: Гродна, Гродня) — шаҳр дар Белорус, маркази маъмурии вилояти Гродно ва ноҳияи Гродно. Дар соҳили дпрёи Неман, дар наздикии сарҳадди Лаҳистон ва Литва ҷойгир аст. Аҳолиаш 357878 нафар (2014). Истгоҳи р. о. дар хатсайри Санкт-Петербург – Вилнюс – Варшава (аз 1862). Роҳҳои автомобилгард, фурудгоҳ ва бандари дарёӣ дорад.

Гродно
беларусӣ: Гродна
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  Беларус
Роҳбар Andrey Khmel[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис асри X[1]
Масоҳат
  • 142 ± 1 км²
Баландӣ
137 м ва 119 м[3]
Вақти минтақавӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон 815
Нишонаи почта 230000–230029
Коди мошинҳо 4
Вебгоҳи расмӣ
Гродно дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Гродно яке аз қадимтарин шаҳрҳои Белорус мебошад. Бори аввал дар солномаҳои соли 1127 ҳамчун Гродно ё Гроден ёд мешавад. Дар асри 12 – миёнаҳои асри 13 маркази мулки князии Гродно буд. Дар миёнаҳои асри 13 аз ҷониби княз Миндовг ба ҳайати князии бузури Литва дохил гардид. Дар асрҳои 13–14 яке аз марказҳои мубориза бо салибдорон буд. Дар асрҳои 15–16 маркази бузурги тиҷоратию ҳунармандии Литва. Аз соли 1496 шаҳр соҳиби ҳуқуқи магдебургӣ шуд. Дар Гродно қароргоҳи княз Витовта ва шоҳ Стефан Батория ҷойгир буд, маҷлисҳои сеймҳои давлатӣ (мақомоти давлатӣ) баргузор мегардиданд. Гродноро дар миёнаҳои асри 17 ва асри 18 лашкари русҳо ва шведҳо зуд-зуд ишғол мекарданд, шаҳр аз сӯхторҳо зарар медид. Дар солҳои 1770, замони салтанати А. Тизенгауз фарҳанг ва иқтисодиёти Гродно тараққӣ кард. Аз соли 1795 дар ҳайати Русия. Аз соли 1801 маркази губерния. Соли 1915 Гродноро низомиёни Олмон ишғол карданд. Солҳои 1921–39 дар ҳайати Лаҳистон буд. Аз соли 1939 дар ҳайати ИҶШС. Дар замони истилои Олмон (1941–44) сахт хароб гардид.

Иқтисод

вироиш

Аз соли 1941 маркази вилоят. Дар Гродно саноати кимиё (истеҳсоли нахҳои кимиёӣ, нуриҳои минералӣ), дорусозӣ, сабук (бофандагӣ, чарму пойафзор), мошинасозӣ ва коркарди филиззот (з-дҳои «Автозапчаст», агрегатҳои автомобил, ва ғ.), истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ тараққӣ кардааст. Комбинатҳои моҳутбарорӣ, хонасозӣ, корхонаҳои саноати хӯрокворӣ ва кимиё («Гродно Азот», «Гродно Химволокно», «Белкард») дорад. Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Белорус № 208 аз 16 апрели 2002 дар Гродно минтақаи озоди иқтисодии «Гродноинвест» ташкил карда шуд, ки то 1 январи 2012 дар он 90 намояндагӣ ба қайд гирифта шудааст. Корхонаҳои асосии ин минтақа аз Ҷумҳурии Белорус мебошанд. Дар он корхонаҳои Русия, ИМА, Шветсия, Исроил, Лаҳистон, Гибралтар, Чехия, Олмон, Австрия, Конодо, Кипр, Британияи Кабир, Финландия ва ғ. ба қайд гирифта шудаанд.

Аз 26 майи 2011 идораи сайёҳию истироҳатии «Августовский канад» ба зиммаи «Гродноинвест» вогузор гардид.

Маорифу фарҳанг

вироиш

Дар Гродно Донишгоҳи ба номи Я. Купала, тиббӣ ва аграрӣ мавҷуданд. Ёдгориҳои машҳури меъмории Гродно: Калисои Борисоглебский (нимаи дуввуми асри 12), маҷмааи Кӯшки Куҳна дар Кӯҳқалъа (бо қасри Стефан Батория, охири асри 16, боқимондаи Калисои Поин, миёнаи асри 12 ва Калисои Боло, асри 14 – ибтидои асри 15), Кӯшки нав (миёнаҳои асри 18, соли 1952 барқарор карда шудааст). Дар Гродно маҷмӯаҳои дайрҳои занона, биноҳои асри 18 – ибтидои асри 19 – театр, дорухона (1709) ва ғ., калисои ҷомеи православии Покров (1905), дар канори шаҳр работҳои шоҳони асри 18 ‒ Августино, Станиславово, Румлево боқӣ мондаанд. Театрҳои драма ва лӯхтак, осорхонаҳои таърихию бостоншиносӣ, таърихи дин ва ғ., бузургтарин дар Белорус боғи ҳайвонот дорад.

Адабиёт

вироиш