Грозний (шаҳр)

шаҳр дар Русия

Грозний (русӣ: Грозний, чеч. Соьлжа-ГӀала) — шаҳр дар Русия, пойтахти Ҷумҳурии Чеченистон. Дар шимоли Қафқоз, дар доманакӯҳи Чечен, дар соҳили дарёи Сунжа (шохоби Терек) воқеъ аст. Аҳолиаш 280,3 ҳазор нафар (2014). Истгоҳи р. о. дар шоҳроҳи Ростови лаби Дон ‒ Боку. Маркази роҳҳои автомобилгард. Фурудгоҳ дорад.

Маҳалли аҳолинишин
Грозний
чеч. Соьлжа-ГӀала
русӣ: Грозный
Парчам Нишон[d]
Парчам Нишон[d]
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Ibrahim Salmanovich Zakriev[d], Zaur Khizriev[d] ва Khas-Magomed Kadyrov[d][1][2]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1818
Масоҳат
  • 324,16 км²[3]
Баландии марказ 130 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Забони расмӣ Chechen[d] ва русӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 8712
Нишонаи почта 364000–364099
grozmer.ru
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих вироиш

Грозний соли 1818 ҳангоми сохтмони хатти мудофиавии Сунжа ҳамчун қалъа бунёд шудааст. Соли 1870 қалъа баъди хотима ёфтани Ҷанги Қафқоз аҳаммияти стратегии худро аз даст дода, ба шаҳри округии вилояти Терек табдил дода шуд. Сохтмони р. о.-и Беслан — Грозний ва идомаи он то Боку (1893) ва азхудкунии конҳои нафт ба рушди босуръати Грозний мусоидат кард. Соли 1917 дар ноҳияи Грозний 386 пармачоҳи нафт амал мекард. Нафт тавассути лӯлаи нафти якуми Грозний-Петровс-Порт (ҳоло Махачқалъа) ба Русия интиқол ёфта, дар корхонаҳои маҳаллӣ софкорӣ карда мешуд. Грозний аз соли 1922 — маркази Вилояти Мухтори Чеченистон, аз соли 1934 Вилояти Мухтори Чечену Ингуш, солҳои 1936-44 ва 1957-92 — Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Чечену Ингуш, 1944-57 — маркази вилояти Грозний. Аз соли 1992 пойтахти Ҷумҳурии Чеченистон. Солҳои 1994-96 ва 1999—2000 дар натиҷаи ҷангҳои шадиди ҷудоихоҳони чечен қариб ҳамаи маҳаллаҳои аҳолинишин, корхонаҳои саноатӣ ва сохторҳои шаҳр комилан хароб гардиданд; шумораи аҳолӣ кам шуд.

Иқтисод вироиш

Грозний ҳамчун маркази саноати нафту кимиёи Қафқози Шимолӣ саноати истихроҷи нафт, нафту кимиё, мошинасозии соҳаи нафт, тайёр кардани мутахассисон, тарҳрезии корхонаҳои саноати нафт, корҳои илмию таҳқиқотӣ ташаккул ёфт. Баъд аз барқарорсозии Грозний корхонаҳои саноати коркарди чӯб, собун, хӯрокворӣ, истеҳсоли воситаҳои нақлиёт (з-ди «Трансмаш») аз нав ба кор оғоз карданд.

Илму фаҳанг вироиш

Дар Грозний Донишгоҳи давлатии Чеченистон (1972), ин-тҳои нафт ва омӯзгорӣ (1981), Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Чеченистон (1996), Театри ҷумҳуриявии драмаи русии ба номи М. Ю. Лермонтов, Театри драмаи Чеченистон ба номи Х. Нуродилов (1931) фаъолият доранд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Город Грозный. Грозный, 1984;
  • Пономарёва И. 3., Севастьянов М. П. Памяти вечной достойны (Памятники и памятные места Грозний Грозного). Грозный, 1987;
  • Казаков А. И. Страницы истории города Грозного. Грозный, 1989;
  • Кадиев Д. А. Грозный. Столица Чеченской республики. М., 2003.