Гудермес (русӣ: Гудермес) — шаҳр дар Русия, маркази ноҳияи Гудермес дар Ҷумҳурии Чеченистон. Дар шарқи ҳамвории наздикӯҳии Чеченистон, дар доманаи қ-кӯҳи Гудермес, дар соҳили дарёи Гумс (ҳавзаи дарёи Терек), 40 км шарқтари ш. Грозний ҷойгир аст. Аҳолиаш 50 ҳазор нафар (2014, бо атрофаш 63 ҳазор нафар). Дар Г. асосан чеченҳо (93,34 %), инчунин русҳо (2,19 %), қумиқҳо (0,96 %) ва дигар қавмҳо зиндагонӣ мекунанд. Аксарияти аҳолӣ мусулмонҳои суннимазҳабанд.

Маҳалли аҳолинишин
Гудермес
чеч. Гуьмсе
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1941
Масоҳат
  • 92 км²
Баландии марказ 55 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Забони расмӣ Chechen[d] ва русӣ
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта 366200
gudermes1.ru
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Деҳаи Гудермес дар асри 18 пайдо шудааст. Он 14 январи 1929 ба шаҳраки коргарон табдил ёфт. Аз 5 январи 1941 — шаҳр. Г. то ибтидои солҳои 1990 дуввумин маркази саноатию нақлиётии Ҷумҳурии Чеченистон буд. То солҳои 1990 дар он корхонаҳои хидматрасонии нақлиёти р. о., истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, заводҳои «Штамп», биокимиёӣ ва консервабарорӣ вуҷуд доштанд. Солҳои 1994-96 ва 1999 Г. дар натиҷаи амалиётҳои ҳарбии байни қувваҳои низомии федералӣ ва ҷанговарони ҷудоихоҳи чечен комилан хароб гардид. Баъдан Г. аз нав барқарор карда шуд.

Иқтисод

вироиш

Ҳоло Г. маркази муҳимми нақлиёти Қафқози Шимолӣ мебошад. Аз он роҳҳои оҳан ба Астрахан, Ростови лаби Дон, Моздок, Боку шоҳроҳи автомобилгарди М 29-и Ростови лаби Дон — Боку мегузаранд. Дар Г. комбинати истеҳсоли яхмос, заводҳои кимиё, истеҳсоли лимонад, консерва, асбобҳои тиббӣ, филиали корхонаи бузургтарини қисми аврупоии Русия — «Металлоторг» амал мекунанд. Дар Г. мағозаҳои бисёр (калонтаринашон «Олами кӯдакон», маркази савдои «Космос», толори мебели «Аризона», хонаи савдои «Жемчужина»), бозори марказӣ, маркази савдои Mega City, клуби варзиши ҷумҳуриявии «Рамзан», клуби муштзании «Рамзан», аквапарк (соли 2009 сохта шуд) мавҷуданд. Дар Г. шабакаҳои телевизиони шаҳрии «Пут-ТВ» ва «Гумс-1» фаъолият доранд, газетаҳои «Гумс» ва «Моршо» нашр мешаванд.

Адабиёт

вироиш