Гудозиш — раванди аз ҳолати кристаллӣ ба ҳолати моеъ (аз як ҳолати агрегатӣ ба ҳолати дигар) гузаштани модда, ки бо фурӯ бурдани гармӣ ба амал меояд.

Гудозиш дар ҳарорати муайян (ҳарорати гудозиш Тг) ҷараён мегирад. Ҳарорати гудозиш ба табиати модда ва фишори берунӣ вобаста аст. Гармие, ки ҳангоми ҳарорати гудозиш барои аз ҳолати кристаллӣ ба ҳолати моеъ гузаштани воҳиди массаи модда сарф мешавад, гармии хосси гудозиш ном дорад. Баъзе пайвастҳои калонмолекула аз ҳолати кристаллӣ ба ҳолати моеи изотропӣ зина ба зина гузашта, ҳар як зина ба давраи муайяни ихтилоли сохти кристаллӣ мувофиқат мекунад. Ҷисмҳои сахти кристаллӣ ҳарорати муайяни гудозиш доранду ҷисмҳои сахти аморфӣ надоранд. Ҷисмҳои аморфӣ бо афзудани ҳарорат гарм шуда, тадриҷан ба ҳолати моеъ мегузаранд. Гудозиши хӯлаҳо ва маҳлулҳои сахт, одатан, дар ф°Силаи муайяни ҳарорат (ибтидо ва охири гудозиш) ба амал омада, ба таркиби хӯла ва фишор вобастаанд. Аз филиззоти холис ҳарорати гудозиши волфрам баландтарин (3410°С) ва ҳарорати гудозиши симоб пасттарин (-38,90°С) мебошад. Аз моддаҳои сода карбон ҳарорати баландтарин (мувофиқи маълумоти гуногун 3500-4500°С) ва ҳелий ҳарорати гудозиши пасттарин (-272,1°С) доранд. Ба моддаҳои хеле мушкилгудоз карбиди танталу ҳафний — Та4 HtС5 (4216°С) мансуб аст. Дар ҳолати ба Тг расидани ҳарорати кристалл гудозиш оғоз ёфта, то анҷоми он ҳарорати модда бо вуҷуди гармидиҳиро давом додан, доимӣ боқӣ мемонад. Дар раванди гудозиш х°Сиятҳои физикии модда, мас., энтропия, гармигунҷоиш, муқовимати электрӣ ва ғ. тағйир меёбанд. Мувофиқи назарияи молекулавию кинетикии гудозиш ҳангоми гарм кардани кристалл энергияи лапиши атомҳои он афзуда, ҳарорати ҷисм боло меравад ва дар бандҳои панҷараи кристаллӣ нақсҳои гуногун пайдо мешаванд. Дар лаҳзаи фаро расидани Тг ғилзат (консентратсия)-и бӯҳронии нақсҳои кристалл ба вуҷуд омада, гудозиш оғоз меёбад (яъне панҷараҳои кристаллӣ вайрон мешаванд). Гармкунии баъдии ҷисм фақат робитаи байни атомҳо ва тартиби минбаъдаи онҳоро дар кристалл вайрон мекунад. Раванди гудозиш дар табиат (гудозиши барфу ях дар сатҳи Замин, гудозиши маъданҳо дар қишри Замин ва ғ.) ва дар техника (истеҳсоли филиззоту хӯлаҳо, қолабрезӣ ва ғ.) мавқеи муҳим дорад.

Адабиёт

вироиш