Гудро́н (фр. goudron — «қатрон») — моддаи аз партови нафт ҳосилшуда, ки ҳамчун сӯзишворӣ, маводи оиқкорӣ дар симҳои барқ ва барои фарши роҳҳо истифода мешавад[1].

Вобаста ба сифати табиии нафт, ҳосилшавии гудрон 10-45 дарсадро ташкил медиҳад. Зичии гудрон 0,95-1,03 г/см³. Ҳарорати сахтшавиаш 12-15°С. гудронҳои як миқдор равғандоштаро нимгудрон ва равғанаш бисёрро гудрони равғанӣ меноманд. Бақияи зифте, ки баъди бо кислотаи сулфат тоза кардани маҳсулоти нафтӣ ҳосил мешавад, гудрони турш ном дорад. Таркиби гудрон, асосан, аз равғанҳои ҳангоми соф кардани нафт ҷудонашуда, моддаҳои сахти асфалтмонанд, моддаҳои зифтии дорои хосиятҳои кислотагӣ иборат мебошад. Дар таркиби гудрон инчунин карбоҳидратҳои парафинӣ, нафтӣ, ароматӣ, филиззот (асосан ванадий ва никел) мавҷуд аст. Гудрон барои ҳосил кардани битумҳои нафтӣ, кокс, истеҳсоли масолеҳи роҳсозӣ, сохтмонӣ, бомпӯшию молиданӣ, газҳои сӯзанда истифода мешавад. Аз гудрони аълосифат бо усулҳои крекинг ва ҳидрогенонии деструктивӣ бензин ва сӯзишвории дизелӣ ҳосил мекунанд.

  1. Гудрон чист? Маънои вожаи гудрон(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 17 май 2019 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш