Гузариши квантии беафканишот

Гузариши квантии беафканишот — гузариши квантие, ки бар хилофи гузариши квантии афканишотдор ба фурӯбурду афканиши фотонҳо вобаста нест.

Ҳангоми гузариши квантии беафканишот тағйири энергияи система (сарфи он ҳангоми гузариш аз ҳолати энергияаш баланд EK ба ҳолати энергияаш паст Ei ва қабули энергия дар мавриди гузариши баръакс) тавассути таъсироти мутақобилаи система бо системаҳои дигар сурат мегирад. Мас., зарра дар газ ҳангоми бархӯрд бо зарраҳои дигар энергия қабул мекунад (ангезиш меёбад) ё ба онҳо энергия медиҳад. Дар моеъ ё ҷисми сахт (мас., кристалл) зарра (молекула, ион) ба зарраҳои наздиктарини худ мубодилаи энергия карда, энергияи электронии ангезиши он ҳангоми гузариши квантии беафканишот ба энергияи лапиш ва навъҳои дигари энергия табдил меёбад (яъне, барои ба вуҷуд омадани ангезишҳои содатарин — фононҳо ва квазизарраҳои дигар сарф мешавад). Ғайр аз ин гузариши квантии беафканишоти энергияи системаашон бетағйир имконпазиранд, ки ба коҳиши спонтанӣ вобастаанд, мас., автоиониши атомӣ ҳангоми оже-эффект.

Адабиёт

вироиш
  • Гузариши квантии беафканишот / Ҳ. Саъдуллоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.