Гузаронидани ташхис
Гузаронидани ташхис — дар ҳуқуқ фаъолиятест, ки дар асоси таъйиноти суд, қарорҳои судя, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, инчунин дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби муассисаҳои махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисдода, бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахс дар рафти мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, хоҷагӣ ё маъмурӣ тавассути донишҳои махсус дар соҳаи илм, техника, санъат ё ҳунар муқаррар кардани ҳолатҳое, ки бояд исбот карда шаванд, анҷом дода мешавад.
Дар рафти пешбурди тафтишот ё баррасии парвандаҳои мушаххас баъзан зарурат ба тавзеҳи масъалаҳое, ки дониши махсусро дар соҳаи илм, санъат, техника ва касбҳои мухталиф талаб мекунанд, ба миён меояд. Он гоҳ суд, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ бо мақсади возеҳ намудани масъалаи пайдошуда бо ташаббуси худ ё бо дархости шахсони иштирокдори парванда ташхис таъйин менамояд. Гузаронидани ташхис ба муассисаи ташхиси судӣ, ташхиси мушаххас (коршиноси судӣ) ё гурӯҳи ташхисгарон супорида мешавад. Коршиноси суд ташхиси давлатии судиро бо тартиби иҷрои вазифаҳои хидматии худ, дар асосҳои илмӣ ва амалӣ, дар ҳудуди ихтисоси дахлдор, мукаммал ва бо истифодаи комёбиҳои илми муосир ва техника амалӣ мекунад. Коршинос фақат шахси воқеӣ буда метавонад, зеро фаро гирифтани донишҳое, ки барои коршинос зарур мебошанд, танҳо хосси инсон буда, маҳз инсон метавонад барои додани хулосаи бардурӯғ ҷавобгариро ба дӯш дошта бошад. Аз ин рӯ, ба сифати далели воситаи исбот на ташхис, балки хулосаи коршинос (ҳуҷҷати хаттие, ки рафт ва натиҷаи тадқиқи анҷомдодаи коршиносро инъикос менамояд) шуда метавонад.
Коршиносони суд дар фаъолияти худ ҳангоми гузаронидани ташхис мустақил буда, ба мақом, шахси мансабдор ё шахси таъйиннамудаи ташхис, тарафҳо ва дигар шахсони ба оқибати парванда манфиатдор вобаста нестанд. Коршинос хулосаи худро дар асоси таҳқиқоти анҷомдодааш, мувофиқ ба донишҳои махсуси худ омода ва пешниҳод менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташхиси давлатии судӣ» муассисаҳои зерини ташхиси давлатии судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст:
- а) вобаста ба ташхиси судӣ ва криминалистӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- б) вобаста ба ташхиси судии тиббӣ ва судии равонпизишкӣ дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- в) вобаста ба ташхиси судии криминалистӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- г) вобаста ба ташхиси судии соҳаи гумрук дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- д) вобаста ба ташхиси судии маводди нашъавоар дар Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- е) вобаста ба ташхиси судии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва савдо дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ташхиси давлатии диншиносӣ дар Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гузаронидани ташхис / Д. Абдуллоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ». Д., 2005.
- Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2008;
- Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2009.