Гузаштани муҳлати иҷрои ҳукми айбдоркунӣ

Гузаштани муҳлати иҷрои ҳукми айбдоркунӣ — гузаштани муҳлати бо қонуни ҷиноятӣ муқарраршуда барои иҷрои ҳатмии ҳукми суд, ки бояд на дертар аз се шабонарӯзи ба қувваи қонунӣ даромадани он ё аз инстансияи апеллятсионӣ ё кассатсионӣ баргардонида шудани кор ба иҷро расонида шавад.

Г. ба категорияи ҷинояти содиркардаи шахс вобаста буда, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ба ҳисоб гирифта мешавад. Давомнокии Г. бевосита ба категорияи ҷинояти содиршуда вобастагӣ дорад. Ҳангоми маҳкум шудан барои ду ва ё зиёда ҷиноят давомнокии Г. барои ҳар як ҷиноят алоҳида ҳисоб карда мешавад.

Шахси барои ҷинояти содиркарда маҳкумшуда аз адои ҷазо озод карда мешавад, агар иҷрои ҳукми айбдоркунӣ аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо карданаш дар муҳлатҳои зерин ба иҷро расонида нашуда бошад:

  • ду сол, дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти начандон вазнин;
  • шаш сол, дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти дараҷаи миёна;
  • даҳ сол, дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти вазнин;
  • понздаҳ сол, дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти махсусан вазнин (Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 81, қисми 1).

Қонуни ҷиноятӣ ду тарзи вайрон намудани Г.-ро пешбинӣ менамояд: боздоштан ва қатъ гардидан. Боздоштан дар ҳолате ҷой дорад, ки агар маҳкумшуда аз адои ҷазо саркашӣ кунад. Саркашӣ аз адои ҷазо дар он зоҳир мегардад, ки маҳкумшуда то ба амал баровардани иҷрои ҳукм аз суд пинҳон мешавад ё худсарона маҳалли адои корҳои ислоҳиро тарк мекунад ва ё аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҳабси пешакӣ мегурезад. Дар ин ҳолат муҳлати иҷрои ҳукм аз рӯзи дастгир кардани маҳкумшуда ё омада ба гуноҳи худ иқрор кардани ӯ барқарор мешавад.

Ҳукми айбдоркунии аз вақти бароварданаш бист сол гузашта, дар сурате муқаррар гардад, ки маҳкумшуда аз адои ҷазои нисбати ӯ таъйиншуда саркашӣ кардааст, ба иҷро расонида намешавад, агар муҳлати иҷрои ҳукм қатъ нашуда бошад. Агар маҳкумшуда то гузаштани муҳлати бо қонун нишондода ҷинояти нави дараҷаи миёна, вазнин ё махсусан вазнин содир кунад, муҳлати иҷрои ҳукм қатъ мегардад. Дар ин ҳолат муҳлати иҷрои ҳукми айбдоркунӣ барои ҷинояти қаблан содиршуда бекор шуда, ҳисоби муҳлати иҷрои ҳукми айбдорӣ аз сари нав аз рӯзи содир намудани ҷинояти нави категорияҳои мушаххас шурӯъ мешавад. Г. асоси ҳатмӣ барои озод кардани маҳкумшуда аз адои ҷазо ба ҳисоб меравад, зеро чунин озодкунӣ на ҳуқуқ, балки уҳдадории суд буда, ба салоҳдиди ӯ вобастагӣ надорад. Ин қоида истисное дошта, он нисбат ба шахсе истифода мешавад, ки ба ҷазои қатл маҳкум гардидааст. Мувофиқи қоидаи мазкур масъалаи татбиқ намудани муҳлати иҷрои ҳукмро нисбат ба шахсе, ки ба ҷазои қатл маҳкум шудааст, суд ҳал мекунад. Агар суд ба қарори худ Г.-ро ҷоиз шуморад, ҳукми қаблан баровардашуда ба иҷро расонида намешавад. Дар акси ҳол ин навъи ҷазо бо маҳ-рум сохтан аз озодӣ иваз карда мешавад.

Мувофиқи усулу меъёрҳои умумии эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ нисбат ба шахсоне, ки ҷиноятҳои муқобили сулҳ ва амнияти башарият содир кардаанд, Г. татбиқ намегардад. Ҳукми айбдоркунии барои ин қабил ҷиноятҳо баровардашуда, новобаста ба вақти дастгир кардани ҷинояткори аз адои ҷазо саркашида, бояд ба иҷро расонида шавад.

Адабиёт

вироиш
  • Гузаштани муҳлати иҷрои ҳукми айбдоркунӣ / Т. Шарипов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
  • Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1998;
  • Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Д., 2012.