Гулангубин, ҷуланҷубин — як навъи гулқанди асалӣ, ки аз гулу асал тайёр карда мешавад.

Тарзи тайёр кардани гулангубин ҳам айнан мисли гулқанд аст, аммо ба ҷои шакар асал меандозанд. Вазни асал сечанд, ниҳоятан чорчанди вазни гул аст. Баъзеҳо аввал гулқанди камшакар тайёр карда, баъд ба он асал илова мекунанд, ки ин ҳам нек аст. Гулангубин хуштаъм, хушбӯй, хушхӯр ва гуворост. Тибби Шарқ гулангубинро «ба ҷиҳати тақвияти меъда, дил ва димоғ нофеъ» медонад.

Адабиёт

вироиш