Гулафшон (деҳа, н. Ҷаббор Расулов)

Гулафшон (собиқ Янтоқзор) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов. Аз Гулафшон то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 11 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 2482 нафар (2017). Соли 1954 таъсис ёфтааст.

Деҳа
Гулафшон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Ҷаббор Расулов
Ҷамоат Деҳоти Ҳаёти Нав
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Янтоқзор
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2482 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3455

Иқтисод

вироиш

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, боғчаи бачагон, масҷиди панҷвақта, 2 нуқтаи савдои хусусӣ, чойхона, бунгоҳи тиббӣ, хонаи фарҳанг ва китобхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри Хоҷабойқӯрғон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулафшон хоҷагии деҳқонии «Шодиёна» ва 6 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Шахсиятҳои маъруф

вироиш

Зодгоҳи шоир Алиҷон Юлдошев мебошад.

Сарчашма

вироиш