Гулбазм (форсӣ: گل‌بزم‎) — маҳфиле шабеҳи байтбарак, ки ба ҳангоми базм дар ҷашни арӯсӣ байни ҷавонписарону ҷавондухтарон барпо мегардад.

Дар тӯйи арӯсӣ пас аз анҷоми як ё ду дафъаи силсилаи сурудхонӣ бо хоҳиши ҷавонон ровии тӯй гулеро ба даст гирифта, бо хондани мисраъҳои зерин гулбазмро оғоз мекунад:

Гулбазм муҳаббатгаҳи ёрон бошад,
Аз ёр ба ёр шеърборон бошад.
Донандаи абёту сухан бурд кунад,
Бозанда шавад, ҳар он кӣ нодон бошад!

Сипас, ровӣ дар ҳавои мусиқии шӯх рақскунон гулро ба духтаре медиҳад. Духтар низ баъди гирифтани гул рақскунон ба назди баландгӯяк омада, дар васфи гул, ишқу ҷавонӣ ё дар ҳолати ҳиҷолат монданаш дар васфи домоду арӯс байт ё таронае қироат мекунад ва гулро ба писаре медиҳад. Духтарон дар ин маврид кӯшиш мекунанд, ки ҷавонони боодобу хушгуфтор ва зеборо интихоб намоянд. Писар гулро гирифта, айнан ҳамин амалро иҷро намуда, дар васфи духтари гулдода ё дӯстдоштаи худ, ки шояд дар он ҷо ҳозир бошад, шеър мехонад. Ҳамин тавр гул дар давра даст ба даст гардиш мекунад ва ҷавонон бо навбат шеъру таронаҳо мехонанд. Г. тақр. 20-30 дақиқа ва гоҳе то як соат давом мекунад. Дар гулбазм на танҳо тарона, балки байт, рубоиву дубайтӣ, қитъаву маснавӣ ва баъзан пораҳои ғазал низ қироат мешаванд.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Аминов А. Таҳлили баъзе хусусиятҳои анъанаи гулбазм//Ахбороти АИҶТ. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятӣ. № 2, 2009;
  • Раҳимов Д. Фолклори тоҷик. Д., 2009.