Гулбарга
Гулбарга (форсӣ: گلبرگه) — шаҳри таърихии Ҳиндустон ва пойтахти давлати Баҳманшоҳиён (1347—1527).
Маҳалли аҳолинишин | |
Кишвар | [[|]] |
---|---|
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Масоҳат |
|
Баландии марказ | 454 ± 1 м |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | 8472 |
Нишонаи почта | 585101 |
gulbargacity.gov.in | |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишБаъди интиқоли пойтахт аз Деҳлӣ ба Давлатобод (1326-27) Гулбарга яке аз шаҳрҳои асосии минтақаи Дакан ва маркази маъмурии султонии Деҳлӣ буд. Гулбарга аз давраи ҳукмронии Муҳаммади Туғлақ ба яке аз марказҳои шӯриши амирони садаи Дакан ва пойтахти сулолаи Баҳманшоҳиён табдил ёфт (аз 1347). Ба шарафи асосгузори давлати Баҳманшоҳиён — Алоуддин Ҳасани Конгӯ (1347-58) чанд муддат Аҳсанобод ном дошт. Мувофиқи ислоҳоти маъмурии Муҳаммадшоҳи I (1358-75) яке аз чор иёлати давлатро ташкил дода, ба далели марказият доштанаш вазир тарафдор (дар Дакани асримиёнагӣ иёлатро тараф мегуфтанд)-и Гулбарга таъйин карда мешуд. Сайфуддини Ғурӣ (насабаш ба Шиҳобуддини Ғурӣ мерасид) аввалин вазири давлати Баҳманшоҳиён ва тарафдори Гулбарга буд (то 1397). Аз ҷиҳати маъмурӣ ба самтҳо (Нилдург, Шуропур) ва парганаҳо тақсим шуда, тарафдорони Гулбарга унвони сипаҳсолор ва амиру-л-умаро доштанд. Аз давраи ҳукмронии Аҳмадшоҳи I (1422-36) пойтахти Баҳманшоҳиён аз Гулбарга ба ш. Бидар кӯчонида шуд. Ҳавзаи илмӣ-адабии форсизабони Гулбарга дар аҳди ҳукмронии Баҳманшоҳиён ташаккул ёфта, донишмандону шоирони зиёде аз ҷумлаи Садрулшарифи Самарқандӣ, Нусайруддини Шерозӣ, Мирмуҳаммад Мунаҷҷими Бадахшӣ, Муинуддини Ҳиравӣ, Мавлоно Абдулғании Манзумӣ, Абдумалики Исомӣ, Озарии Тӯсӣ, Айнуддини Биҷопурӣ, Гесӯдароз, Сироҷудини Ҷунайдӣ ва ғ. фаъолият карда, осори таърихии «Насоеҳу-л-мулук», «Футуҳу-с-салотин», «Мулҳақоти табақоти Носирӣ», «Баҳманнома», «Туҳфату-с-салотин» ва ғ. таълиф ёфтанд. Биноҳои Гулбарга дорои гунбадҳои паҳну паст, тоқҳои паҳну пояҳои кӯтоҳ буда, зери таъсири унсурҳои меъмории исломӣ ва ҳиндии Деҳлӣ сохта шуда буданд. Дар сохтмони масҷиди ҷомеи Гулбарга сабки меъмории умавӣ ва калисоҳои ғарбӣ истифода шуда буд. Дар давраи ҳукмронии Муҳаммадшоҳи II (1378—1397) Ҳофиз ба Гулбарга даъват шуд, вале ӯ сафари Ҳиндустонро рад карда. ғазале бо матлаи «Даме бо ғам ба сар бурдан ҷаҳон яксар намеарзад» навишта ва ба султон фиристод. Дар давраи ҳукмронии Тоҷуддини Фирӯзшоҳ (1397—1358) ду нафар сафир — Тоҷуддин Муҳаммад ва Фатҳуллоҳи Сабзаворӣ аз Гулбарга ба дарбори Темур омада, фармонбардории Баҳманшоҳиёро ба амир расониданд. Мувофиқи ислоҳоти вазир Маҳмуди Говон қаламрави Гулбарга ба ду иёлат тақсим карда шуд. Гулбарга баъд аз пошхӯрии давлати Баҳманшоҳиён ба ҳайати қаламрави давлати Одилшоҳиён (1490—1686), Темуриёни Ҳинд ва Осафҷоҳиёни Ҳайдаробод дохил мешуд. Имрӯз Гулбарга яке аз шаҳрҳои тараққикардаи саноатии иёлати Карнотак ва маркази маъмурии минтақаи ҳамномаш мебошад. Аҳолиаш 1,2 млн нафар (2014). Аксари эътиқодмандонаш пайрави ҳиндуия (64 %), ислом (33 %) ва дигар динҳо мебошанд. Имрӯз дар Гулбарга харобаҳои қалъаи Гулбарга, Масҷиди ҷомеи Гулбарга маҷмааи мақбараҳои султонҳои Баҳманшоҳиён бо номи Ҳафтгунбад боқӣ мондаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулбарга / С. Ҳусайнов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.